ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар аст

Сентябрь 29, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш  дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, шабона +7+9, рӯзона +24+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар дошта шуда,    шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +13+15  ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 11-13 ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат     дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво шабона ба +10 +12 ва рӯзона ба +28+30 дараҷа мерасад.

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона +10+11 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Сентябрь 29, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид