«ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ»: аҳолии пойтахт пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин аст

Сентябрь 29, 2018 11:26

ДУШАНБЕ, 29.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Корхонаи «Обу корези Душанбе» мегӯянд, ки аҳолии шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мебошад.

Муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Неъматулло Абдуллоев дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигор – шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР гуфт, ки сабаби ин амр иҷрои тарҳҳои ободонӣ дар қаламрави пойтахт аст.

Ба гуфтаи вай, ҳоло Маркази истеҳсолии назорати оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовҳо фаъол аст, ки ҳар рӯз обро ташхис ва ҳамзамон назорат мебарад. Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душанбе 70 нуқтаи ташхис вуҷуд доранд, ки имкон медиҳанд обе, ки сокинон истифода мебаранд, тозаву ба талабот ҷавобгӯ бошад. То ҳол дар ин нуқтаҳо ва дар марказ мушкиле пеш наомадааст ва сокинони шаҳри Душанбе низ нисбат ба сифати оби нӯшокӣ ҳеҷ гуна муроҷиат накардаанд. Яъне, об тозаву барои аҳолӣ таъмин аст.

Неъматулло Абдуллоев таъкид кард, ки дар пойгоҳи обтақсимкунӣ обполакҳо дар марҳилаи аввал насб шудаанд ва қарор аст обполакҳо дар марҳилаи дуюм то моҳи апрели соли 2019 насб карда шаванд, ки ин ба беҳбуди сифати об барои таъмини аҳолӣ кумак мекунад.

Муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар иртибот ба болоравии нархи оби истифодашуда гуфт, ки тибқи мувофиқа бо Хадамоти зидиинҳисории Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 октябр барои аҳолӣ нархи пардохти ҳаққи истифодаи об барои 1 метри мукааб 66 дирам муқаррар шуд. Ҳарчанд пеш барои ҳар 1 метри мукааб истифодаи об 53 дирам пардохт карда мешуд. Ба ин тартиб, ҳаққи истифодаи об 13 дирам зиёд шуд. Аммо барои корхонаҳои тиҷоратӣ нархи об ба ҷои 4, 56 сомонӣ ҳоло 5 сомониву 70 дирам шудааст.

Муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Неъматулло Абдуллоев мегӯяд, ки агар инро барои аҳолӣ гӯем, мо тарифҳои блокӣ дорем ва ин иқдом аз 15 октябр ҷорӣ карда мешавад. Ба ин тартиб, барои он истеъмолкунандагоне, ки обро аз рӯи меъёр истифода мебаранд, он аз рӯи нархномаи  барои 1 метри мукааб 66 дирам ва бе арзиши андози изофашуда бо меъёрҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд, яъне то 250 литр барои 1 шабонарӯз, то 300 барои 1 шабонарӯз ва то 360 литр барои 1 шабонарӯз ё 480 литр барои 12-ошёнаҳои баланд дар як шабонарӯз  муқаррар карда мешавад. Агар ба таври мушаххас гӯем, барои нафароне, ки дар хонаҳои то 12-ошёна зиндагӣ мекунанд, нархи об барои 1 нафар 8 сомониву 40 дирам ва агар дар хона 5 нафар бошад, 40 сомонӣ, агар 3 нафар бошад, 25 сомониро ташкил медиҳад. Барои хонаводаҳое, ки ҳисобкунакҳо насб шудаанд, пардохт ба таври зайл сурат мегирад: барои 1 метри мукааб 66 дирам бо коофитсиенти С 1 сомониву 98 дирам. Ба таври мушаххас, барои як нафар 5 сомониву 60 дирам мебошад. Яъне як нафар дар 1 моҳ тариқи ҳисобкунак 5 сомониву 60 дирам барои истифодаи об пардохт мекунад, ки нисбат ба он нафароне, ки бо меъёр истифода мекунанд, 2 сомониву 80 дирам камтар аст.

Муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” гуфт, ки нархномаи мазкур дар муқоиса ба дигар минтақаҳо дар дохили кишвар тарифи аз ҳама пасттарин аст. Барои мисол, дар шаҳри Бохтар барои истифодаи об барои 1 метри мукааб 1 сомониву 73 дирам бо назардошти андоз аз арзиши изофашуда муқаррар шудааст. Дар шаҳри Душанбе то ин вақт 66 дирам ва барои хонаҳое, ки ҳисобкунак доранд, 1 сомониву 98 дирам  аст, аммо ба ҳисоби миёна гирем, дар шаҳри Душанбе он барои 1 метри мукааб 1 сомониву 15 дирамро барои аҳолӣ ташкил мекунад.

Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ҳадафи нархномаи нав барои истифодаи оби ошомиданӣ дар пойтахтро ба мушкилоти молӣ дар соҳа, иваз кардани таҷҳизот ва ашёи зарурӣ, бахусус қубурҳои обгузар ва амсоли ин рабт доданд.

Зимнан, нархномаи нав дар робита ба пардохти ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори мазкур, Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти он ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад.

 

 

Сентябрь 29, 2018 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид