«ПАЙМОНИ МИЛЛӢ»-И БА НОМ МУХОЛИФИНИ ТОҶИК БАРОИ ҶАНГ ТАЪСИС ДОДА ШУДААСТ. Чунин мешуморад сиёсатшинос, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров

Сентябрь 15, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 15.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти чунин унвон имрӯз дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» мақолаи таҳлилии сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҳайдаров нашр гардид.

Сиёсатшиноси тоҷик, аз ҷумла, навиштааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо эътимод давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ бунёд месозад ва мардуми Тоҷикистон ин роҳро дигар намекунанд. Тоҷикистониён бо ҳар гуна идеологияи дорои хусусияти ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарое, ки ба сохти конститутсионии мо таҳдид мекунанд, ба таври қатъӣ мубориза мебаранд. Худи аъзои «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик барои Тоҷикистон ягон хатаре надоранд. Ман фикр мекунам, хавф дар идеологияҳои ҷанг ва бесуботии онҳо ниҳон аст. Аммо таҳдиди асосӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон, ба андешаи ман, пуштибонони ин «Паймони миллӣ» ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ мебошанд. «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик – зочаи навест дар дасти онҳо. Чунин паймонҳо беҳуда таъсис дода намешаванд. Онҳоро бо маблағҳои калон барои расидан ба ҳадафҳои муайяни  геостратегӣ таъсис медиҳанд.

Зоҳиран, пас аз нокомӣ дар Сурия баъзе абарқудратҳо талош доранд дар Тоҷикистон, ки дар доираи геополитикии Россия шомил аст, ҳадафҳояшонро ба бозӣ дароранд. Дар ин кор ба «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик такя карда мешавад. Ман ҳамчунин мутмаинам, ки «Паймони миллӣ» ҳоло барои муколамаи сиёсӣ бо Тоҷикистони расмӣ омода нест, чунки ин паймонро 9 сентябри соли 2018 бо ин мақсад таъсис надодаанд. Иғвои навбатии намояндагони «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик чанд рӯз пеш дар Варшава гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳайати расмии Тоҷикистон аллакай озод намудани ҳамаи «маҳбусони сиёсӣ»-ро хабар дод, ки номҳояшон ба «Паймони миллӣ» зикр шуданд ва фазои мулоқоти ҳайати расмии Тоҷикистон бо намояндагони «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик созанда буд. Шояд, амали сулҳхоҳонаи ҳайати расмии Тоҷикистон барои муколамаи минбаъда миёни ҳарду ҷониб асос мешуд. Вале, чӣ тавре гуфтам, «Паймони миллӣ»-и мухолифини тоҷик барои муколама омода нест, чунки он на барои сулҳ, балки барои ҷанг таъсис дода шудааст».

Муаллиф ақидаҳояшро чунин ҷамъбаст намудааст: «Дар хотима метавонам мутмаинан бигӯям, мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шудаанд, намегузоранд, ки «Паймони миллӣ» ва пуштибонони онҳо дар Ғарб ҷанги дуюми шаҳрвандиро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Халқи мо сулҳ ва суботи сиёсиро дар замини Тоҷикистон бо баҳои гарон ба даст овардааст. Мо, тоҷикистониён зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳама пайи якдигар барои ҳифзи Ватанамон мехезем».

 

Сентябрь 15, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид