САҲА БАРОИ КӢ ҶАЛАСАҲОИ ҲАНГОМАХОҲОНА БАРПО МЕКУНАД? Изҳороти Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба АМИТ «Ховар» чун ягона агентии давлатӣ, ки пайваста паи ҳифзи ормонҳои давлату миллати тоҷик фаъолият мекунад, аз номи кормандони тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, созмону ҷамъиятҳо ва одамони алоҳида паёму номаҳо, муроҷиату изҳорот ва андешаю мулоҳизот ворид мегарданд. Ҳамаи онҳо бо як мақсад-маҳкум намудани дурӯғпароканиҳои неруҳои мухолифини давлати мо дар пойтахти Полша-шаҳри Варшава ва амалҳои иғвогаронаи Ҳизби наҳзати ислом иншо гардиданд. Ин муроҷиатҳо аз он дарак медиҳанд, ки мардуми тоҷик сулҳу суботи пойдори мамлакатро бо ҷон хоҳону нигаҳбон буда, муқобили дигарбора ба коми ҷанг кашидани давлати соҳибистиқлоли хешанд.
Дар робита ба ин мавзуъ имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ муроҷиатнома расид, ки дар он омадааст:
Адибон, чун кулли зиёиёни миллат, ҳама умр дар орзӯи Истиқлолият, шукуфоии кишвар ва беҳбуди воқеии рӯзгори моддию маънавии мардуми хеш буданду ҳастанд.
Яъне, он чиро мехостанд, ки инак аз шарофати сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати Тоҷикистон муҳайё шудааст. Имрӯз вазифаи ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, барои бештар шудани дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдату муттаҳидии халқамон, афзудани обрӯю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан мебошад.
Амри воқеист, ки қомат рост кардани халқи заҳматкаши кишвари биҳиштосо, афзудани обрӯю эътибори кишвари соҳибистиқлол, дар сархати барномаҳои созмонҳову расонаҳои ҷаҳонӣ зикр шудани ташаббусҳои бузурги башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари заминиву замонии он ба мухолифини безамину безамина, дарбадару лаббайгӯи бозингарони бешарафи хориҷӣ намефорад. Онҳо боз ҳам обро лой карда, моҳӣ гирифтан мехоҳанд, лекин халқи шарифи Тоҷикистон заҳри найрангҳои онҳоро, ки зери парчами ислом амалӣ мекунанд, борҳо чашидаву бадасливу бадбунёдиашонро хуб фаҳмидааст.
Дар ин замина кишвар ба кишвар гаштани ватангадоёни Ҳизби наҳзати ислом ва бо як мушт ашхоси берушди баддилу ҳангомахоҳ ба қавли худашон “конфаронс”-у “сампозюм”-ҳо баргузор намудану бозори туҳмату ғайбатҳои берўёнаро нисбат ба Тоҷикистон гарм карданашон ҳайратовар нест, чунки ҳам неши ин ақрабон аз пайи кин асту ҳам муқтазои табиаташон ин. Ҳайратовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки тибқи номашу барномааш бояд муҳофизи амнияти кишварҳо бошад, халалбахшону вайронкунандагони касифнияти амнияти давлати соҳибистиқлолеро, ки узви ҳама созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ, аз ҷумла худи САҲА аст, гӯш медиҳаду барояшон ҷаласаҳои ҳангомахоҳона меорояд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ин дастгирии бешарафонаи ҳизби мутаассибону вайронкоронро, ки бисёр кишварҳо ва ташкилотҳои муътабари байналмилалӣ дар асоси санаду далелҳои раднопазир барҳақ террористиву экстремистиаш донистаанд, қотеъона маҳкум намуда, пешниҳод менамояд, ки масъала ҷиддан ба муҳокимаи ҷаласаи сарони СҲШ пешниҳод бигардад ва то ба тавқифи узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА- ин созмони бемавқеъ, дурӯя ва поймолкунандаи принсипу омилҳои амнияти давлатҳову миллатҳо масъалагузорӣ сурат бигирад.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






