Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» барои кӯдакони Хоруғ майдончаи бозию фароғат бунёд кард
ХОРУҒ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои кӯдакони маҳаллаи Хоруғи боло майдончаи васею барҳаво бунёд кард, ки минбаъд кӯдакон дар ин ҷо ба бозии дӯстдоштаи худ машғул мешаванд.
Сардори маркази матбуоти ширкати мазкур Абдулло Амонбеков гуфт, ки «чунин майдончаҳои фароғатӣ барои кӯдакон асосан дар он маҳаллаҳое бунёд карда мешаванд, ки сокинонашон сари вақт маблағи истифодаи неруи барқро пардохт кунанд. Ин тадбир ҳам барои ширкати барқӣ фоидаовар аст ва ҳам барои фарзандони хурдсоли сокинони маҳалла аз манфиат холӣ нест. Зеро ба сабаби набудани ҷой барои бозӣ кӯдакон маҷбур мешаванд, ки ё сари роҳи мошингард ва ё дар лаби дарё бозӣ кунанд. Дар ҳарду ҳолат ин мавзеъҳо барои бозии кӯдакон хатарнок мебошанд. Аз ин рӯ ширкати «Помирэнерҷӣ» тавассути воситаҳои ахбори маҳаллӣ дар бораи ин иқдоми худ хабар расонд ва тамоми сокинони маҳаллаҳо онро дастгирӣ карданд. Аммо нисбат ба дигар маҳаллаҳои шаҳр сокинони маҳаллаи Хоруғи боло дар масъалаи пешпардохт ва коҳиши қарзи неруи барқ аз худ фаъолияти хуб нишон доданд. Аз ин рӯ бо қарори маъмурияти ширкати барқӣ ин майдонча маҳз дар маҳаллаи мазкур бунёд гардид. Барои бунёди ин майдонча қариб 100 ҳазор сомонӣ сарф шуд».
Қаблан ширкати «Помирэнерҷӣ» чунин майдончаи бозиро дар шаҳраки Барқчиёни шаҳри Хоруғ бо сарфи зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ сохта, бо тамоми ашёи зарурӣ барои бозию дамгирии кӯдакону наврасон муҷаҳҳаз гардонид.
Ширкати мазкур новобаста аз сафарбар кардани қувва ва маблағҳои мавҷуда ба ҳалли масоили истеҳсолӣ, ҳамзамон кӯшиш мекунад, ки иҷрои ҳадафҳои иҷтимоии худро низ аз мадди назар дур намонад ва аз рӯи имконот ба ҳалли онҳо машғул шавад.
Яке аз масъалаҳое, ки ширкат дар доираи вазифаҳои иҷтимоии худ ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, ин саҳмгирӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла муҳайё кардани шароити зарурӣ барои рушди зеҳнию ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакон мебошад. Ҷорӣ намудани дарси шоҳмот дар мактабҳои ҳамагонии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ба ин мисол шуда метавонад. Дар зарфи қариб ҳашт сол беш аз 1600 нафар хонандагони синфҳои поёнии мактабҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ба дарсҳои шоҳмот фаро гирифта шуда, барои омӯзиши онҳо 38 нафар омӯзгорон ҷалб гардиданд.
Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев кӯдакону волидони онҳоро ба хотири ифтитоҳи майдончаи мазкур табрик намуда, баён дошт, ки «боиси сарфарозии ҳамаи мову шумост, ки имрӯз яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат- соҳаи энергетика, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз соҳаҳои стратегии давлат муайян карда шудааст, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯ ба рушд дорад. Он рӯз дур нест, ки кишвари мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ даст меёбад. Бо ба даст омадани истиқлолияти комили энергетикӣ бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






