Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ

Сентябрь 27, 2018 22:13

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Дар Шоми дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ягҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он  ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошташуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.

Тавре аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳо, ки шоми имрӯз намудҳои гуногуни онҳо ба намоиш гузошта шуда буданд, аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, ҷониби кишвари мо омодааст, ки бо давлатҳои ҳавасманди аъзои ИДМ ва дигар давлатҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо ифтихори давлату миллати мо мебошанд одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои узви ИДМ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ 27.09.2018

 

Сентябрь 27, 2018 22:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд