Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Т оҷикистон — дар меҳвари мулоқоти Абдуҷаббор Азизӣ ва Пратибха Мехта
ДУШАНБЕ, 26.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи Стратегияи миллии рушди /СМР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имрӯз дар мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта баррасӣ гардид.
А. Азизӣ зикр кард, ки СМР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст. СМР-2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.
Гуфта шуд, ки диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.
Зикр гардид, ки машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи ҲРУ имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо – маориф, тандурустӣ, шуғл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд. СМР-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд.
Ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта афзуд, ки дар оянда низ мо Парлумони касбии Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои фаъолияташ дастгирӣ намуда, барои рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузорем.








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






