Таълиму тарбияи насли наврас вазифаи аҳли ҷомеа мебошад

Сентябрь 28, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Пленуми сеюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ хабар медиҳад, дар Пленум аъзои Шӯрои собиқадорони ҶТ, раисони ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ва минтақаҳо,  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шахсони баруманд ва меҳмонон ширкат доштанд. Зикр гардид, ки собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ масъулияти шаҳрвандии худ меҳисобанд, ки аз таҷрибаи бойи зиндагӣ  ва оиладориашон истифода намуда, нисбат ба тарбияи ҷавонон бетараф набошанд ва дар кори тарбияи онҳо фаъолона саҳм гузоранд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар Валӣ Сайёрабеков, аъзои Шӯро кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар амалӣ гаштани Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошанд.

«Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд на танҳо вазифаи волидайн  ё танҳо муассисаҳои таълимӣ аст, балки аҳли ҷомеаро мебояд нисбат ба он бетараф набошанд»,- изҳор дошт Валӣ Сайёрабеков.

Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зина ба зина амалӣ мешавад. Аз ҷумла, аз ҷониби масъулин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии кишвар пайваста бо толибилмону донишҷӯён суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд, ки ин худ аз амалишавии қонуни мазкур гувоҳӣ медиҳад.

Ҳадафи қонуни мазкур- баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, тарбияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон мебошад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо бархе аз падару модарон ба риояи қонуни мазкур хунукназарона нигариста, ҷиддӣ нестанд. Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда аз ҷониби кормандони милитсия ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғон ошкор гардида истодааст. Нисбат ба волидони он ноболиғону наврасоне, ки зимни чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи қонун ҷоннок намудани кори таълиму тарбияи насли наврас аст. Ин танҳо вазифаи мактабу маориф набуда, кори тамоми аҳли ҷомеа, хусусан падару модарон, калонсолон, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин ва дигар шахсони обрӯманд мебошад. Аз ин рӯ месазад, ки аҳли ҷомеа дар таълиму  тарбияи насли наврас  ҷиддӣ бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву  худогоҳӣ тарбият намоянд.

Сентябрь 28, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид