«ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ». Пагоҳ дар «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе барномаи театрӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 сентябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тантанаи Истиқлол» барномаи театрӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин имрӯз, 8 сентябр бахшида ба таҷлили ҷашни мазкур дар чор ноҳияи пойтахт барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин базмҳои идона дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Майдони 800-солагии Москва»-и ноҳияи Шоҳмансур, майдони хиёбони Сино дар назди Прокуратураи генералӣ ва «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Тоҷикистон 6 ва 7 сентябр дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор гардид.
Ин намоиши варзиши обӣ имрӯз низ дар «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» баргузор мегардад.
Бояд зикр кард, ки баҳри муаррифии варзиши обии «Флайборд» дар Душанбе варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Россия даъват шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар барномаҳои идонаи пойтахт ҳунармандони маъруфи мамлакат хотири сокинону меҳмононро шод мегардонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ҷашнгоҳҳо даъват менамояд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






