«Зебо»-и синамои тоҷик аз олам даргузашт

Сентябрь 20, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳунарманди синамои тоҷик Саодат Ҷӯраева имрӯз, 20 сентябр дар синни 85 бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикони ӯ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, соати 16:00 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилои раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод, ин ҳунарманди синамо дар ду даҳсолаи охир дар ягон филм нақш иҷро накардааст. Вале  ҳунармандоне ҳастанд, ки  бо иҷрои як нақш маъруф гардида, дар зеҳни тамошобин то дер гоҳ боқӣ мемонанд.

«Саодат Ҷӯраева аз зумраи он ҳунармандонест, ки бо иҷрои нақши Зебо дар филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» то имрӯз дар хотири тамошобинон мондааст. Ҳарчанд ин филм соли 1957 ба навор гирифта шудааст, вале то ҳол тамошобинон онро бо шавқ тамошо карда, аз қаҳрамонҳои ин филм ёдоварӣ мекунанд.

Сурудҳои ин филмро бисёриҳо дар Тоҷикистону берун аз он ба тоҷикиву русӣ аз ёд медонанд ва замзама мекунанд»,-гуфт Сафар Ҳақдод.

 

Сентябрь 20, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид