15 октябр-Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот. Зиндагӣ ва шароити ин бонувон дар солҳои соҳибистиқлолӣ хеле боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зиндагӣ ва шароити занони деҳот баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ хеле боло рафтааст. Бояд гуфт, ки вобаста ба фаъолияти соҳибкории занҳо дар кишвар як зумра қарору фармонҳо, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасии занони деҳот ба замин» ба бонувони деҳотӣ имкониятҳои бештар фароҳам овардаанд.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири беҳтар намудани шароити занон дар деҳот 12 феврали соли 2008 қарори махсус қабул намуда, 15 октябрро Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот эълон намуд. Аз ин рӯ ҳамасола дар ҷаҳон 15 октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот таҷлил карда мешавад.
Тибқи таҳлилҳо, ҳар чаҳорумин нафари аҳолии ҷаҳонро занони деҳот ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷлил карда мешавад.
Бахшида ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» бо мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат МАМАДАЛИЕВА ҳамсуҳбат гардид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар қаламрави кишвар шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 184 ҳазору 187 ададро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо бештари занон аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, саҳми замин доранд ва як қисми хоҷагиҳои деҳқониро занон сарварӣ мекунанд», — зикр намуд дар суҳбат С. Мамадалиева.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, имрӯзҳо сарварии хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғдро бештар занҳо бар дӯш доранд. Ин ҳолат дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ низ ба назар мерасад. Занон сарбаландона аз уҳдаи вазифаҳои худ баромада истодаанд.
Бино ба гуфтаи С.Мамадалиева, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занон назаррас буда, шароити зисту зиндагии онҳо дар деҳот зина ба зина боло меравад.
Аз соли 2006 инҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии соҳибкории занон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд.
Шурӯъ аз соли 2014 ҳамасола 80 лоиҳаи соҳибкорзанони инфиродӣ аз ҷониби Комиссияи озмунии гранти президентӣ ба маблағи 2 млн сомонӣ дастгирӣ ёфта, барои рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъмини шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳои онҳо мусоидат менамоянд.
«Барои амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо занон дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси корхонаҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ ва парвариши чорво, боғ, занбӯриасалпарварӣ, паранда ва моҳипарварӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ кор бурда истодаанд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолият сабаб гардид, ки занони деҳот майл ба рушд намоянд ва маҳсули офаридаи худро ба бозори меҳнат бароранд», — иброз дошт С.Мамадалиева.
Ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занону бонувони хонанишин, аз оилаҳои камбизоат ва занони танҳо кумита соли равон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корхонаҳои дӯзандагии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замони муосирро ба роҳ монд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 2 корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд», — иброз дошт намояндаи кумита.
Зикр гардид, ки ҳоло аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъол гардонидани нақши занон ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо 110 марказ фаъолият доранд.
Масъулини онҳо аз зиндагии бонувон бохабар гардида, баҳри дастгирии занони деҳот дар бахши соҳибкорӣ пайваста кумак мерасонанд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






