Ҳайати 350-нафараи аҳли фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 15.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 октябр ҳайати 350-нафараи аҳли фарҳангу эҷоди Туркманистон ҷиҳати иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги ин мамлакат ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ҳайати фарҳангиёни Туркманистонро намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зери навою мусиқӣ бо нону намак истиқбол гирифтанд.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аҳли фарҳангу эҷоди Туркманистон бо барномаҳои рангини консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Шоми имрӯз дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт бо иштироки аҳли фарҳанг маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз ёфта, барномаи калони консертӣ бо иштироки устодони санъати Туркманистон ва намоиши ҳунармандони минтақаҳои гуногуни ин мамлакат баргузор мегардад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






