Ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябри соли равон дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи мамлакат баргузор мегардад. 18 октябр дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати мазкур бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута доир мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади рушду таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Душанбе ҳукумати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки ҳайати фарҳангӣ-соҳибкориро ба шаҳри Душанбе сафарбар намояд.
Дар барномаи ин сафар маърӯзаҳо оид ба тадриси забони русӣ, дарсҳо доир ба санъати сарояндагӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ, машварату маслиҳати духтурон барои аҳолии шаҳри Душанбе, инчунин барномаи мусиқӣ бо иштироки яке аз коллективҳои эҷодии Санкт-Петербург дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 сентябри соли 2017 ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварда буд. Дар доираи ин сафар мулоқоти ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ва ин ҳайат бо роҳбарияти шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи вохӯрии фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор гардида буд.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






