Амалиёти «Тартибот» дар Бадахшон имкон дод, ки танбашавии роҳҳо пешгирӣ шуда, кормандони хадамоти оташнишонӣ сари вақт сӯхторҳоро хомӯш кунанд

Октябрь 25, 2018 16:42

ХОРУҒ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли сармо кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои назоратӣ ва тамринҳои амалию тактикии худро боз ҳам тақвият мебахшанд. Зеро баробари хунук шудани ҳаво хатари эҳтимолии сӯхтор рӯ ба афзоиш мениҳад.

Ба гуфтаи сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар Шолангаров,  имсол бори дуюм аст, ки  кормандони хадамоти оташнишонӣ дар бозори «20-солагии истиқлолият» машқи амалӣ баргузор мекунанд, ки ин  бесабаб нест. «Зеро дар ду соли охир дар ин бозор ду сӯхтори бузург сар зада, ба соҳибкорон зиёда аз 2 миллион сомонӣ зарар расонданд. Агарчӣ дар чанд соли охир тамоми таҷҳизоту ноқилҳои  барқӣ мутобиқ ба меъёрҳои муосир васлу насб шудаанд, аммо боз ҳам аз фориғболию беэҳтиётии баъзе аз бозорнишонон сар задани ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ кормандони раёсати хадамоти оташнишонӣ бо баргузор намудани чунин машқҳои тактикию амалӣ ҳам маҳорату малакаи кормандони худро такмил медиҳанд ва ҳам сокинони шаҳрро бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми истифода аз неруи барқ ё дигар маводи гармкунандаву равшанидиҳанда эҳтиёткор бошанд»,-гуфт номбурда.

Анвар Шолангаров зимни мулоқот бо  масъулини бозори «20 солагии истиқлолият» аз онҳо  хоҳиш кард, ки  қоидаҳои маъмулии зидди сӯхторро риоя кунанд, ҳангоми аз кор рафтан бори дигар бухориҳои барқиро аз назар гузаронида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд. Зеро бозор яке аз маконҳои серодам аст ва ҳар як камбудии ҷузъӣ  мушкилоти бузург ба бор меорад.

Бинобар ин дар сурати эътибор надодан ба маслиҳати мутахассисони хадамоти оташнишонӣ онҳо маҷбуранд, ки бо мақсади  бехатарии ҷону моли мардум фаъолияти чунин дӯконҳоро боздоранд.

Як беҳбудие, ки зимни машқи тактикӣ ба мушоҳида расид, ин ба низоми муайян ворид гардидани  ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди шаҳр мебошад.

Сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилоят гуфт, ки дар тамринҳои қаблӣ ба иллати танбашавии мошинҳо онҳо бо душвориҳои зиёд худро ба маҳали ҳодиса мерасонданд, аммо баъди амалиёти «Тартибот» аз тарафи нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят ҳоло онҳо ба осонӣ роҳро убур мекунанд. Ин ба кормандони хадамоти оташнишонӣ имконият медиҳад, ки сари вақт  техникаву таҷҳизоти зуруриро ба ҷои ҳодиса интиқол дода, сӯхторро зуд хомӯш ва паҳншавии онро ҷилавгирӣ намоянд.

Октябрь 25, 2018 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст