СОЛИ РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: Ҷамила — бонуе, ки дар НБО «Норак» ҳамчун нозир-ҳуҷҷатгузор ва ҳунарманд соҳибэҳтиром аст

Октябрь 29, 2018 09:30

НОРАК, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргарест, ки офаридаҳои ҷолибаш дилҳоро мафтун мегардонад. Нафосату назокати ҳар як ҳунар вобаста ба дили ҳунарманд инкишоф меёбад. Зеро ҳар як ҳунар сирри худро дорад, ки омӯхтану ба кор бурдани он  аз шахс маҳорату малака  ва шавқу ҳаваси хоссаро  тақозо менамояд.

Ҷамила Маҳкамбоева аз зумраи он бонувоне  мебошад, ки бо маҳорати баланд умри худро  сарфи   гулдӯзию дӯхтани куртаҳои чакан намудааст. Ӯ ҳамеша маҳсули дастони худро дар тани гулдухтарону бонувони шаҳри Норак дида, аз он меболад, ки дар байни ҳамдиёрон ҳамчун зани ҳунарманд маъруф  гашта,  дар хизмати  онҳо қарор дораду шогирдони зиёдеро дар роҳи ҳунармандӣ тарбия намудааст.

Ҷамила Маҳкамбоева зодаи шаҳри Норак мебошад ва дар баробари доштани ҳунарҳои зиёд имрӯзҳо бо маълумоти миёнаи касбии энергетикӣ ба ҳайси нозир-ҳуҷҷатгузор  дар НБО «Норак»  фаъолият дорад.  Ӯ мегӯяд,  дӯзандаи моҳир  ва мутахассиси одии соҳаи  энергетика шудан  аз орзуҳои наврасияш  буд, ки имрӯзҳо ҷомаи амал пӯшидаанд.

Раиси занони НБО «Норак» Қурбонмоҳ Давлатова  зикр намуд, ки Ҷамила бо ҳунарҳои хеш дар байни коллективи кормандони неругоҳ  ва шаҳр соҳиби эҳтироми хосса мебошад. Махсусан бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ин зани ҳунарманд   дар ҳамаи барномаҳои  фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти мардумӣ  бо намунаи маҳсули дасти худ иштирок намуда, сазовори қадрдониҳои роҳбарияти неругоҳ ва ҳукумати шаҳри Норак гардидааст.

Ҷамила Маҳкамбоева мегӯяд, ки «куртаҳои чакан, сӯзанӣ ва болиштҳои гулдӯзии арӯсон  аз зеботарин шаклҳои либосҳои миллии  тоҷикӣ мебошанд. Ин куртаҳо ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо кардаанд. Куртаи чакан ё гулдӯзиро бонувону духтарони тоҷик дар ҷашну идҳои миллӣ, бахусус дар ҷашни Наврӯзи аҷам ба бар менамоянд. Аз ин рӯ аз аввали фасли баҳор то 9 сентябр, ки  ҷашни истиқлолияти давлатиро таҷлил мекунем, муштариёни ин намуди либосҳои миллӣ зиёд мегарданд.  Ман ба ҳайси ҳунарманд кӯшиш менамоям, ки пас аз кор хоҳиши муштариёнро иҷро намуда, дар шодии онҳо шарик шавам».

Ҷамила мегӯяд, ки ҳар як бонуи тоҷик бояд каме ҳам бошад,  ба омӯхтани ҳунарҳои миллӣ машғул шавад. Зеро зани боҳунар дар шароити вазнини зиндагӣ низ хор намегардад ва фарзандонашро бо меҳнати ҳалоли худ ба воя мерасонад.

Ин бонуи тоҷик иброз дошт, ки «ҳунармандон ҳамеша аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдоранд. Хушбахтона, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба мо имкониятҳои бештар дода шуд ва маҳсулоти дастии мо аз андоз озод гардид. Аз ин рӯ ҳамчун ҳунарманд ваъда медиҳам, ки барои муаррифӣ намудани либосҳои миллӣ  ва аз байн нарафтани ин ҳунари зебо кӯшиш намуда, дар оянда ҳунари хешро  ба дигар занону духтарон меомӯзонам».

 

Октябрь 29, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Лахш вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мулоқот намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Вахш даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд