«АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК». Зиндагинома ва осори илмии беш аз 1600 нафар донишмандон дар таълифи Ёрмуҳаммади Сучонӣ аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 27.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе донишномаи (энсиклопедияи) «Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)» ба табъ расид. Муаллифи он — корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёрмуҳаммади Сучонӣ натиҷаи ҷустуҷӯи чандинсолаашро дар шакли китоби алоҳида ба хизмати хонандагон гузоштааст.
Дар китоб зиёда аз 1600 нафар намояндагони илми тоҷик муаррифӣ шудаанд. Инҳо зодагону парвардагони Тоҷикистон, ҳамчунин нафарони дар ҷумҳуриамон кору зиндагӣ карда ва донишмандони хориҷи мамлакат, ки меҳвари аслии таҳқиқоташонро соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардумамон ташкил медиҳад, ҳастанд. Ба китоб академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторони илм (таври истисно баъзе номзадҳои илми сермаҳсул), соҳибони унвонҳои ифтихории Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ворид гардидаанд.
Сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавс Аминов дар сомонаи интернетии ин боргоҳи илму маърифат дар бораи донишномаи мазкур чунин нигоштааст: «Арзишмандтарин китоб, ки ин моҳ интишор шуд. Ёрмуҳаммади Сучонӣ, таърихнигор, фарҳангнавис ва донишноманависи маъруф натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро бо дастгирии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз чоп баровард».
Фирдавс Аминоа ҳамчунин менависад: «Нуктаи муҳим ин аст, ки равияи илмӣ ё мавзӯи асосии таҳқиқоти ҳар як донишманд баён ёфта, осори илмиаш дар шакли китоби алоҳида (рисола, дастуру нишондиҳандаи таълимию методӣ ва ғайра) бо забони асл оварда шудааст. Ҳамзамон адабиёт (ҳамчун китоби ҷудогона) оид ба ҳаёту осори донишмандон пешкаши хонанда гардидааст».
Хотиррасон менамоем, ки китоби «Арбобони илми тоҷик (асри ХХ – аввали асри ХХI)» ҷанбаи оммавӣ дошта, аз он доираи васеи хонандагон метавонанд баҳра бардоранд.









Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






