ҲАВО САРД МЕШАВАД. Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба мавсими имсолаи зимистон босуръат идома доранд

Октябрь 8, 2018 16:14

ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти  мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ шурӯъ аз  аввали ҳафтаи  нав,  8 октябр борон ва баъзан барф борида, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад. Баъди 9 октябр боришот хотима ёбад ҳам, вале рӯз то рӯз ҳарорати ҳаво паст хоҳад шуд. Ҳаво сард  мешавад ва он аз даркӯбии фасли зимистон дарак  медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати  сари вақт омода намудану  таъмини фаъолияти мунтазами тамоми иншооти хоҷагиии халқи пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Тавре  сардори Раёсати   иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдумаҷид Ҳакимзода  дар суҳбат ба мухбири  АМИТ «Ховар»   иброз дошт,  ҷиҳати  омодагӣ  ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар  пойтахт   қарори  дахлори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   ба тасвиб расида,  дар робита ба он   нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Тибқи  нақшаи  мазкур, масъулин ва  роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият вазифадор гардида буданд, ки  доир ба сари вақт омода намудан ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 бетаъхир нақшаи тадбирҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи корҳо, ба роҳ мондани  фаъолияти самараноки сохторҳои шаҳрӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти онҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр, баррасии фаврӣ ва ҳалли арзу шикоятҳои сокинони шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ситоди шаҳрӣ таъсис дода шудааст.

Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида  мешаванд.

Тавре  қаблан иттилоъ дода будем, дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки он 24 сентябри соли равон баргузор гардид,    масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахт  мавриди баррасӣ қарор  гирифта буд. Дар оғози кори иҷлосия муовини Раиси шаҳри Душанбе Фарух Ҷумазода доир ба    омодагӣ  ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола  ҳисобот дода буд.

«Зимни баррасии масъалаи мазкур Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷумла, зикр кард, ки  имсол  сард омадани зимистон пешгӯӣ гардидааст. Аз ин рӯ Раиси шаҳр  таъкид дошт, ки  тамоми сохторҳои марбутаи пойтахт бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд»,-  афзуд А.Ҳакимзода .

Раиси шаҳр ба  роҳбарони ниҳодҳои марбутаи пойтахт  доир ба омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ, иншооти   пойтахт ба системаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодаи роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворию ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ   дастуру супоришҳои мушаххас дода,  онҳоро  вазифадор кард, ки  ҷиҳати иҷрои   корҳои зикршуда  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Аз ҷумла, дар доираи иҷрои қарори  дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии пойтахтро, аз ҷумла, дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Кофарниҳон», «Худҷореъ» ва «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»  мегузаронад.  Корҳои таъмирӣ-профилактикӣ  дар истгоҳҳои обтаъминкунии мазкур  аз  аввали моҳи октябр оғоз гардида, то 1 ноябр ба анҷом мерасанд.

Бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» тасдиқ  гардид.  Тибқи  ин нақшаи тасдиқшуда,  дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии мазкур  марҳила ба марҳила интиқоли оби нӯшокӣ  муваққатан қатъ мегардад, ки дар ин бора тариқи  воситаҳои ахбори омма  сокинону меҳмонони пойтах огоҳ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар  чор ноҳияи пойтахт – Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур  корҳои омодагӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони имсола вусъат мегиранд.

Тибқи иттилои  муовини якуми раиси  ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе  Сафар Олимов,  дар мавсими  тирамоҳу зимистони солҳои 2018 — 2019 дар ноҳия 850 иншоот, аз ҷумла,  756 бинои истиқоматӣ, 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30 муассисаи таълимии томактабӣ, 14 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 24 корхона ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия бо гармии мутамарказ пайваст гардида, дар ҳар биною иншоот санҷишҳои гидравликӣ гузаронида  мешаванд. Дар ҳудуди ноҳия  ба ғайр аз   нақшаи  тасдиқшуда,  50 иншоот дигар  барои қабули неруи гармӣ  ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст   шуд, ки  бо ин шумора  теъдоди иншооти ба шабакаи гармидиҳӣ пайвасти ноҳия  ба 900 адад расид.

Мутахассисони шабакаҳои барқи ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 — 2019  сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ, васли трансформаторҳо, ҳамчунин иваз намудани трансформаторҳои камиқтидор ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд  ва симчӯбҳои фарсударо ба анҷом расонданд.

Аз ҷониби муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил» — и ноҳия дар биноҳои истиқоматии баландошёна таъмири бомҳо 170 фоиз, таъмир ва барқароркунии дарҳои даромадгоҳҳо 83,3 фоиз, шишабандӣ 87 фоиз, захираи ангишт ва захираи ҳезум 74  фоиз иҷро шудаанд. Таъмиру ивазкунии лӯлаҳои оби нӯшокӣ ва гармӣ идома дорад.

Дар иншооти муҳандисии ҳаётан муҳим ва идораҳои коммуналии ноҳия корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 — 2019 мувофиқ ба нақшаи корӣ иҷро мешаванд.  Барои  захира  намудани  ангишт ва ҳезум  низ тадбирҳои мушаххас  андешида мешаванд.

Тибқи иттилои  масъулини  Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» алҳол таҷдиду муосирсозии низоми равшанидиҳӣ ва  сарфаҷӯии қувваи барқ дар  шабакаҳои равшанкунӣ идома дошта,   барои сарфа гардидани қувваи барқ дар кӯчаву шаҳрак ва маҳаллаҳои пойтахт  ба миқдори зарурӣ  чароғҳои дорои  фурӯзонакҳои тавоноиашон баланд ба чароғҳои дорои фурӯзонакҳои   муосири каммасраф   иваз гардиданд.

Ҳамчунин  бо мақсади омодагӣ ба зимистони имсола кормандони муассисаи мазкур   тибқи нақша,   сутунҳои барқӣ ва шохаҳоро тайёр ва рангубор карда, дар   қуттиҳои идоракунии низоми равшанидиҳӣ корҳои профилактикӣ гузаронида, зиёда аз  26 адад нақлиёти махсусро  ба мавсими зимистон омода намуданд.

Инчунин дар муассиса  сӯзишворӣ, маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил  дар фасли зимистон захира гардидаанд. Аз ҷумла, чароғҳо, фурӯзонакҳо, ноқилҳои намуди ҳархела   зиёда аз  55 750 метр, дигар ашёи барқӣ 876 адад, сӯзишворӣ  зиёда аз 48 048 литр ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт  захира шудаанд.

Дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ чунин корҳои омодагӣ босуръат идома доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 8, 2018 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид