Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон

Октябрь 23, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон баъди навсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.

Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳайкалтарош Рустам Маҷидов буда, мақсад аз гузоштани он арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахти шоҳбулут шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар доман паҳн карда, яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфтанд. Ҳангоми навсозии ин иншоот бештар аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Хабар дода шуд, ки барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузоштани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Бӯстон даромадгоҳҳо ё дарвозаҳои асосии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштаанд. Дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад нишасткурсиҳо, чархофалаку аттраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд.

Сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, сабзазоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ гӯшаи китобхона ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон бунёд шуд. Дар ин мавзеъи истироҳатӣ кӯдакону наврасон ҳамчунин метавонанд дар баробари гузаронидани фароғати хуб ба омӯзиш низ ҷалб гарданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон 23.10.2018

Октябрь 23, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд