БА ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ОМОДАЕМ! Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз дар майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 сентябри соли 2018 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назримадзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндагони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт, собиқадорон, падару модарон ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ба наваскарон роҳи сафеду хизмати софдилона тамано намуданд.
Б.Назримадзода зикр кард, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Дар ин радиф Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ бояд омодаи хизмат бошанд ва дарк кунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард мебошад.
Дар ҳамоиш ба наваскарон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Дар маросим намоиши машқҳои зебои ҳарбӣ, ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки нимаи аввали моҳи декабри соли 2017 дар бинои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии соли 2017 баргузор гардида буд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ — муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони мамлакат даъвати тирамоҳии соли 2017 пеш аз муҳлат таъмин гардид.
«Дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанберо махсус зикр кардан зарур аст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавонист даъватҳои баҳорию тирамоҳиро дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом диҳад, ки ин шоистаи ибрат мебошад», -зикр карда буд муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим.























Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






