Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд

Октябрь 23, 2018 10:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 17  ноябри соли  равон дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе  намоиши театришуда  бахшида  ба маросими  ба  истифода додани  агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун»  баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиши театришуда ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   дар ин барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ   ба фазои   идонаи   Тоҷикистон   шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Рӯзи 16 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Октябрь 23, 2018 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад