БА ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВЕМ. Имрӯз дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои таъмирӣ интиқоли барқ қатъ мегардад

Октябрь 26, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 26.10.2018./АИМТ «Ховар»/. Кормандони соҳаи энергетика ба зимистон омодагӣ мебинанд ва корҳои таъмирию хизматрасонии техникиро мутобиқи нақша дар зеристгоҳҳои трансформатории шаҳри Душанбе ба анҷом мерасонанд. Вобаста ба ин, имрӯз, 26 октябр аз соати 09:00 то 16:00 дар баъзе кӯчаҳо ва шаҳракҳои пойтахт интиқоли қувваи барқ қатъ мегадад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар вақти муайяншуда барқ дар кӯчаҳои Зеҳнӣ, Дӯстии халқҳо, Крупская, Чапаев, Ҳофизи Шерозӣ ва Қаҳҳоров қатъ мегардад. Ҳамзамон дар тӯли ин вақт дар шаҳракҳои Меҳробод ва Шараф низ рӯзона барқ дода намешавад.

«Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар баъзе маврид интиқоли барқ то вақти муайяншуда оғоз меёбад», – изҳор доштанд дар  «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» .

Октябрь 26, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид