Беморхонаи ноҳияи Роштқалъа бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид

Октябрь 11, 2018 13:47

ХОРУҒ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рошқалъа нимаи дуюми моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин беморхона дар  масоҳати зиёда аз 2 гектар  бо маблағгузории  Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Сардухтури беморхона Аҳтам Чақабоев гуфт, ки «барои корҳои сохтмонӣ ва хариди таҷҳизоти техникию тиббӣ қариб 30 миллион сомонӣ сарф шуд. Воқеан ин яке аз беҳтарин биноҳои муассисаҳои тиббии вилоят шумурда мешавад.    Дар ифтитоҳи  беморхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, ҳангоми мулоқот бо табибон аз шароити кор пурсон шуданд.

Азбаски ҳудуди хизматрасонии тиббии беморхона масоҳати калонро дар бар мегирад, ба иллати кӯҳна будани мошини ёрии таъҷилӣ табибон зимни интиқол додани беморон   бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ аз Пешвои миллат хоҳиш намудем, ки дар таъмини як мошини ёрии таъчилӣ ба мо кумак расонанд.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия Сарвари давлат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дастур  доданд, ки дар зудтарин фурсат беморхонаи навбунёди касалиҳои рӯҳии ноҳияро бо нақлиёт таъмин кунанд. Ва имрӯз мо соҳиби мошини нави ёрии таъҷилӣ гардидем. Ман аз номи  табибони ноҳия  ба Президенти мамлакат минатдории самимӣ баён мекунам».

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҷумҳурӣ Азиз Одиназода зимни супурдани калиди мошин ба беморхонаи мазкур изҳор намуд, ки дар дохили он ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои расондани ёрии аввалини тиббӣ мавҷуд аст.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчунин  омодагии беморхонаи мазкурро ба мавсими зимистон мавриди баррасӣ қарор дод. Ин беморхона дорои Маркази муосири гармидиҳӣ буда, он ҳам ба воситаи неруи барқ ва ҳам тавассути ангиштсанг гармиро аз худ ихроҷ мекунад.

Бо мақсади мунтазам бо оби ошомиданӣ таъмин кардани бинои беморхона дар ҳавлии он чоҳи амудӣ бо чуқурии 30 метр сохта шудааст, ки  дар як шабонарӯз дар ҳаҷми 16 ҳазору 800 метри кубӣ об захира мекунад.

Октябрь 11, 2018 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд