Беш аз 50 фоизи ҷиноятҳои содиркардаи ноболиғон дар Душанбе ба нимашаб рост меояд

Октябрь 22, 2018 16:24

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе  15 феврали соли 2017  аз  бамаротиб зиёд содир шудани ҷиноят дар ҳудуди пойтахт   нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   изҳори  ташвишу нигаронӣ намуда буданд.  Сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқоти зикргардида  изҳор доштанд, ки «ҳодисаҳои муноқиша дар мактабҳо, байни мактабҳо ва маҳаллаҳо низ далели зиёд гаштани ин намуди ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Муноқишаҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва наврасону ҷавонон дар бисёр мавридҳо бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд. Ҳодисаи дар оғози соли нави 2017 рӯйдода собит кард, ки то ба ҳол тадбирҳои дар ин самт андешидашуда қонеъкунанда нестанд».

Президенти мамлакат ҳамчунин  зикр карданд, ки «анъанаи дигаре ки дар мактабҳои шаҳр мушоҳида мегардад, ба ном «саркарда»-ҳое мебошанд, ки ба ҷойи хондан ба авбошӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа додани хонандагони мактабҳои дигар машғуланд».

Аз ин мулоқот  1 солу 8 моҳ сипарӣ гардид. Дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти мамлакат аз ҷониби масъулин   кадом тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади пайдо намудани посух ба  ин  суол мавзӯъро пайгирӣ намуда,  бо масъулини соҳа  ҳамсуҳбат гардид.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  иброз дошт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе  15 феврали соли 2017, дар машварати корӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе  24 июли соли  2018  ва  дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур 24 августи соли  равон  ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт баён намуда буданд, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.

«Яке аз тадбирҳои аввалин  — ин  ба тасвиб расидани  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  аз  6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» аст, ки  мақсад аз  он ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо бо иштироки онҳо  мебошад. Дар қарори мазкур омадааст, ки воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ карда шавад ва эълони он дар ҷойҳои намоёни ин гуна марказҳо  овехта шавад. Воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда шавад», -афзуд А.Ҳакимзода .

Мавсуф ҳамчунин  иброз дошт, ки Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор масъулин, аз ҷумла,  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр,  Сарраёсати маориф, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Паёми Душанбе» -ро  вазифадор намудааст, ки ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидаткунанда, ташкили ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бо мақсади самаранок сипарӣ гардидани вақти холии онҳо тадбирҳои судманд ба роҳ монанд. Ҳамчунин тибқи ин қарор, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон, роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин дар пойтахт  Гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Гурӯҳи мазкур   амалиёти профилактикии «Одоби шаҳрнишинӣ» –ро  роҳандозӣ намудааст,   ки масоили вобаста ба таълиму тарбия, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани масъулият, саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, муайян намудани ноболиғони бепарастор, оворагард, талбанда, дар шароити номусоиди иҷтимоӣ, оилаҳои носолим тарбиятгиранда ва дорои майли содирнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҷиноятиро ба таври ҳамарӯза баррасӣ   менамояд.

Соли 2017 дар пойтахт зиёда аз  70 майдончаҳои варзишӣ ва имсол  қариб 90 адад чунин майдончаҳо  сохта  шудаанд. Бояд гуфт, ки мақсади асосӣ аз бунёди онҳо   ба ҷои оворагардӣ ва  беҳуда сарф намудани  вақт, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим  ҷалб намудани наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе мебошад. Яъне ин амал низ бо мақсади  пешгирии  ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон  роҳандозӣ мегардад.

Тавре сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал–майори милитсия Шариф Назарзода  иброз дошт, «кормандони мақомоти милитсияи пойтахт низ пайваста талош меварзанд, то пеши роҳи ҷинояткорӣ дар байни  наврасону  ҷавонон гирифта шавад. Бо баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пурзӯр намудани робитаи милитсия бо ҷомеа сол то сол содиршавии ҷиноят дар байни ин қишри ҷомеа кам гардида истодааст, вале ин моро қаноатманд карда наметавонад. Мо баҳри решакан намудани ин мушкилот пайваста талош меварзем».

Тибқи иттилои Ш. Назарзода, бо ин мақсад фармоиши сардори Раёсат оид ба вобаста намудани кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо ба тасвиб расид, ки мутобиқи он минбаъд ҳар як корманди милитсияи пойтахт ба муассисаҳои таълимии вобасташуда  ҷавобгарӣ бар дӯш доранд. Тибқи фармоиши мазкур, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ҳамчун  рӯзи муассисаи таълимӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон карда шудааст. Дар ин рӯз  кормандони вобасташуда дар муассисаҳои таълимӣ соати тарбиявӣ ва суҳбату вохӯрӣ баргузор мекунанд. Дар тарбияи ҷавонон бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъолият баранд. Дар ин самт кор бурданамон даркор ва мушкилиро бартараф сохтанамон зарур аст. Ҳамчунин волидон набояд фарзандонро беназорат гузоранд. Зеро дар бештари ҳолатҳо беназоратӣ боиси  ба ҷиноят даст задан ва аз хона бехабар баромадану бедарак гум шудани кӯдакону наврасон мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки  дар ин замина  охири моҳи сентябр дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев   чунин вохӯрии муфид  баргузор  гардид. Дар ин мулоқот  роҳбарият ва  масъулини Сарраёсат ва шуъбаҳои маориф, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳамаи 149 нафар директорон ва муовинони онҳо оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, роҳбарони синфҳои болоии муассисаҳои номбурда, намояндагони кумитаҳои кор бо падару модарони мактабҳо ва дигар масъулини кумитаҳои дар тарбияи ҳуқуқии наврасону ноболиғон манфиатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ин  мулоқот муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф  изҳори андеша намуда, ҷиҳати бартарафнамоии онҳо масъулини соҳаро вазифадор намуд.

Дар  мулоқот ҳамчунин сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода  маърӯза карда, бо   истифода аз имкониятҳои техникӣ, тасвир-слайдҳо доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, муайян ва рафъи сабабу шароити ба содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонон, аз ҷумла, ноболиғону хонандагони муассисаҳои таълимӣ мусоидаткунанда, пешгирӣ намудан аз муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳии байниҳамдигарӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз силоҳҳои сард (ба монанди корд, кордча, дастчӯб – бо истилоҳи ҷавонон «бита», дастчӯби оҳанин, кастет ва ғайра асосан байни хонандагони ду ё якчанд мактаб) истифодаи ваколатҳои омӯзгорон ва кулли кормандони соҳаи маориф ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа  нисбат ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ  изҳори андеша кард.

Шариф Назарзода иброз дошт, ки   новобаста аз шароити комил ва ҳамаҷонибаи мактабу маориф дар пойтахти  мамлакат ҳанӯз ҳам бархе аз ноболиғон аз раванди таълиму тарбия дур монда, дар натиҷа даст ба ҷинояткорӣ мезананд. Чуноне ки соли 2017 ва 8 моҳи соли  равон  зимни баргузории 2400 амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД дар умум 10 392 нафар ноболиғон барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, ташриф овардан ба марказҳои дилхушӣ, савдои кӯчагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастрас карда шудаанд, ки аз ин шумора 6 336 нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Шариф Назарзода  вазъи ҷинояткориро  миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  шарҳ дода, иброз дошт, ки новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ давоми 8 моҳи соли  равон  шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда бамаротиб афзудааст.
Номбурда  доир ба вақт ва макони ҷиноятсодиркунии ноболиғон  изҳори назар карда, баён дошт, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои тайи 8 моҳи соли  равон  содиршуда 7.1%-и онҳо дар давраи аз соати 06:00 то 12:00-и  рӯз, 9,8% дар давраи аз соати 12:00  то 18:00-и  бегоҳ, 32,9% аз соати 18:00 то 24:00  шаб ва 50,2% аз соати 24:00 то 06:00 –и  субҳ содир  шудаанд.  Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯзҳо наврасон аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур монда, бо истифода аз назорати суст ва бетарафии атрофиён ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд ва бо ин кирдорашон ба номи давлату миллат доғ меоранд.

Дар идомаи мулоқот  камбудиҳои соҳа  ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо  аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти милитсияи пойтахт  баррасӣ гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, яке аз  масъалаҳое, ки ба содиршавии авбошиҳои гурӯҳӣ оварда мерасонад, ин беназоратии волидайн нисбат ба  рафтору кирдори фарзандон ва хунукназарии онҳо ҷиҳати риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Тибқи иттилои масъулин, давоми 9 моҳи соли равон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки дар нимашаб ноболиғон бе назорати волидайн машғули амалу кирдорҳои номатлуб буданд, барои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ дар  таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 4071 нафар волидайн санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.
Боиси тааассуф аст, ки  гарчанде аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ гардидааст, вале ҳанӯз ҳам падару модароне ёфт мешаванд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, дар таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд. Ин омил оқибат ба он меорад, ки фарзандони онҳо ба қонуншиканиву ҷиноятҳо даст мезананд.

Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста санҷиш ва суҳбату корҳои профилактикӣ доир менамоянд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, аз ҷумла, шаби 19 октябри соли равон  дар натиҷаи  санҷишҳо    дар ҳудуди пойтахт  аз марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 25 нафар, аз ҷумла,  15 нафар ноболиғон ва 10 нафар ҷавонон, ки ба бозиҳои зараровари компютерӣ ва беҳудагардӣ машғул буданд, ба шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд. Аз ин миён 12 нафари онҳо  ба бозиҳои комютерӣ машғул будаанд.
Дар рафти баргузории санҷиши мазкур падару модари он ноболиғону ҷавононе, ки дар торикии шаб бе назорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, ба мақомоти милитсия даъват шуда, нисбат ба  онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд.

Муассисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд нисбат ба   рафтору кирдори ҷавонону  ноболиғон,  ки ояндасози  миллату давлат  маҳсуб мешаванд, бетарафӣ ва бетаваҷҷуҳӣ  зоҳир насозанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ».

Волидайни   азиз,  нагузоред, ки  фарзандон  вақти пурқимати худро сарфи амалу кирдори номатлуб созанд, зеро танҳо   ҷавонони боилму маърифат метавонанд дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон  саҳми арзанда  гузоранд.

 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2018 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
Рамзи Соли маърифати ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар Рашт вохӯрии судманд доир гардид
Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад