Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе минбаъд ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ минбаъд ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.
Тибқи қарори мазкур, ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи 1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ, сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, ҳар кадоме бо маблағи 2000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии моддии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо роҳандозӣ мегардад.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, барои ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо 176500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо мегардад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






