«Боғшаҳри мо-Душанбе». 31 октябр — Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо

Октябрь 31, 2018 12:06

ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нишондоди СММ,  то соли 2050  60 фоизи  аҳолии кураи Заминро сокинони шаҳр  ташкил хоҳанд дод. Ассамблеяи СММ  бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ   ба масъалаҳои шаҳришавӣ, яъне баланд шудани мақоми шаҳрҳо  дар пешрафти ҷамъият  бо қарори худ аз моҳи декабри соли 2013 31 октябрро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо   (World Cities Day) эълон намуд. Шурӯъ аз соли 2014 дар тамоми  ҷаҳон ин рӯз  ҷашн гирифта мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тасмим гирифтем дар бораи боғшаҳри тоҷикон – Душанбе, ки  бо долу дарахтон, майсазорони  сарсабз ва гулҳои шукуфонаш миёни кӯҳҳои барфпӯш  ба нигини  пурқимати ангуштарине  шабоҳат дорад,  ибрози андеша намоем.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода  иброз дошт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати иҷрои  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди мутобиқ ба  талаботи  агротехникӣ ва дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои ободониву сабзкорӣ  дар пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешида,  бо  истифода  аз таҷрибаи  пешқадами парвариши гулу гиёҳ ва дарахту буттаҳо дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони дохил  ва  хориҷи  кишвар   корҳои зиёдро ба   анҷом  расонид.

Ба иттилои Т. Раҳимзода, айни замон  дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 16 адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии «Обшорон» дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маданӣ — маърифатӣ  ва  истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат   мерасонанд. Соли  равон  дар 48 мавзеи алоҳидаи шаҳр  боғу гулгаштҳо бунёду навсозӣ гардиданд, ки  онҳо ба макони писандидаи  сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.

«Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои пойтахт,  тибқи қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз 28 августи  соли 2017  «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола, дар мавсими тирамоҳи  соли 2017 ва баҳори  соли 2018»   соли  равон дар ҳудуди шаҳр шинонидани 52    ҳазору  512  бех дарахту буттаҳо ва 3 881 738 дона гулҳои мавсимию  бисёрсола ба нақша гирифта шудааст», — афзуд номбурда.

Бояд зикр кард, ки  21 январи соли 2018  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, сарви лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ  дар пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ин рӯз  ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва навсозии пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе дар майдони Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз  шинонида шуданд .

Дар баробари дарахтони ороишӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз ҳазор адад ниҳолҳои дарахтони бодом  шинонида шуд. Дарахтони мевадиҳандаи бодом дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи миллии Тоҷикистон ва Хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дастрас гардиданд.

Т. Раҳимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар натиҷаи дуруст ва сифатнок ба роҳ мондани корҳо дар доираи иҷрои қарори мазкур дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо  72 ҳазору 442 бехдарахту буттаҳо ё баробари 137 фоизи нақша ва 3566496  адад  гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ё ба андозаи 92 фоизи нақша шинонида шуда, дар баробари ин дар масоҳати  481100  метри мураббаъ майса кишт карда шуд. Аз ҷумла, аз  5 декабри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти ноҳияҳои шаҳр ва маъмурияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ  аз Боғи миллӣ ба кандани дарахтони ороишӣ ва сояафкан оғоз  гардида, шумораи 6427 бех дарахтони  12 – 15 сола, аз ин мавзеъ ба кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт оварда, шинонида шуданд.

Аз боғи Ҷамъияти  саҳҳомии шакли кушоди «Ориёнбонк», воқеъ дар шаҳри Ҳисор аз тарафи раёсатҳои истифодаи роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва боғҳои  фарҳангӣ-фароғатӣ ба миқдори 10180 бех дарахту буттаҳои  ороишӣ   оварда  шуда, дар     ҷойҳои муайяншуда  шинонида   шуд,  ки айни замон нашъу намои дарахтон дар ҳолати хуб қарор доранд.

Бо  мақсади  зиёд  намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими    тирамоҳи  соли 2017  ва   баҳори   соли   2018    7214   бех дарахтони  ороишию    сояафкан   ва   буттагӣ  аз   хориҷи кишвар  ворид карда шуда,    дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгаштҳо, роҳравҳо ва дигар мавзеи пойтахт   шинонида шуданд, ки ба пойтахт ҳусни тоза зам карданд.  Ин дарахтони зебою нодир, аз ҷумла,   санавбар, калина, сарвиноз, ёс, ҷалғӯза, як навъи сарв, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, тӯси маҳаллӣ, шоҳбулут, зирк, заранги сурх, сарв, маҷнунбед ва  навъҳои  гуногуни  гулҳои    мавсимӣ мебошанд.

Ҳамарӯза ҷиҳати сабзиши хуби дарахтон тибқи талаботи қоидаҳои агротехникӣ, обмонии шабонарӯзӣ, ғизодиҳии нуриҳои минералию маъданӣ ва коркарди химиявии зидди ҳашароти зараррасон корҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар ҷойҳои муайянгардида  иваз намудани гулҳои тобистона ба гулҳои  тирамоҳиву зимистона бо маром ҷараён дорад.

Бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонӣ ва тозагии муҳити зист соли равон  5 маротиба  маъракаҳои  экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил -2018» баргузор гардиданд. Дар ҷараёни баргузории ин чорабиниҳо шаҳрвандон, кормандони соҳаҳои коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо фаъолона иштирок намуда, барои тозагии муҳити зист  ва хуррамгардонии  шаҳр  саҳми  намоён  гузоштанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи  чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар пойтахт дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 тасдиқ гардид.

Ин иқдом бо мақсади иҷрои банди 8  қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли 2018 роҳандозӣ  мегардад.

Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи ин чорабиниҳо  тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин дар қарори мазкур омадааст, ки   корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидори дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ ва бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2018 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад