«Бохтар: аз бостон то бӯстон»- филми мустанади таърихӣ оид ба гузаштаи пурифтихори тоҷикон

Октябрь 16, 2018 15:52

БОХТАР, 16.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рўзи кинои тоҷик таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин рӯз дар вилояти Хатлон дар як муддати кӯтоҳ аввалин филми мустанад аз  силсилафилми «Нигини Хатлон» бо номи  «Бохтар: аз бостон то бӯстон» аз тарафи шуъбаи филмҳои хунарӣ ва техникии Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон ба навор гирифта шуд. Он 15 октябр ба ифтихори Рўзи кино дар кинотеатри «Кохи Лоҳутӣ»- и шаҳри Бохтар пешниҳоди тамошобинон гардид.

Масъули маркази матбуоти Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон  Далер Шарифов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ҳадафи асосии офарандагони филми мустанади таърихӣ- ин пеш аз ҳама, бо гузашта ва  таърихи пуршарафи мардуми тоҷик шинос кардани тамошобинон аст.

Ба иттилои манбаъ, Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки беҳтарин филмҳои дорои мазмуну муҳтавои баландро наворбардорӣ намуда, пешниҳоди тамошобинон гардонад.

Муаллифи  филми «Бохтар: аз бостон то бӯстон»  Усмон Билолӣ  буда,   нақши асосиро дар он ҳунарманди машҳури тоҷик Аловуддин Абдуллоев  иҷро  мекунад.

Октябрь 16, 2018 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид