Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Сукубаи Япония
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Киото ба шаҳри Токио сафар карданд.
Дар шаҳри Токио Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи Сукуба ташриф оварда, бо роҳбари Донишгоҳ Кёсуке Нагата, ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ мулоқоту суҳбати самимӣ доир карданд.
Донишгоҳи Сукуба яке аз муассисаҳои олии миллии Япония мебошад ва дар рӯйхати даҳ донишгоҳи беҳтарини ин кишвар шомил аст. Дар миқёси ҷаҳон донишгоҳ дар байни донишгоҳҳое, ки 50 сол қабл бунёд ёфтаанд, дар ҷойи 15-ум қарор дорад. Он таърихи беш аз 140-сола дошта, ҳамчун Донишкадаи омӯзгорӣ бунёд ёфтааст ва аввалин муассисаи таҳсилоти олӣ дар Япония мебошад.
Донишгоҳи Сукуба дорои 9 факултаи риштаи бакалавр ва 10 факултаи риштаи магистратура, инчунин 7 барномаи докторантура мебошад.
Айни замон дар донишгоҳ наздики 17 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 500 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. Шумораи устодони донишгоҳ 2 ҳазору 376 нафар аст.
Донишгоҳи Сукуба дар 12 кишвари дунё намояндагии худро кушодааст, ки онҳо барои барқарор кардан ва рушди ҳамкорӣ бо он кишварҳо дар соҳаи илм ва маориф нақши арзанда доранд.
Донишгоҳи Сукуба бо муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон низ робитаҳои хубу босамар дорад. То имрӯз байни Донишгоҳи Тсукуба ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи словянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи давлатии забонҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Донишгоҳи Сукуба инчунин бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои дзюдо, сумо ва карате-дои Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хубу дӯстона барқарор кардааст.
Дар ҳамин ҷо бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрии Донишгоҳи Сукуба” сарфароз гардонда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо барномаи таълиму тадриси донишгоҳ дар толори он дар назди ҳайати профессорон ва шумораи зиёди донишҷӯён баромад карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои олимони Донишгоҳи Сукуба барои қадршиносӣ ва бо унвони фахрии илмии “доктор” сарфароз гардидан самимона изҳори сипос намуданд.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои хуби ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Сукуба ва якчанд муассисаи илмиву таълимии Тоҷикистон, ки ба таври самарабахш рушд меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, нақши ин муассисаро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ махсус таъкид намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи санаҳои асосии таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла таҷрибаи нодири сулҳофаринии он, масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ ва вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро бо дарозии 12 километр мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаи марказии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон тариқи фосилавӣ 7 иншооти иқтисодию иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 10 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи истеҳсоли сурмаро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон






