Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд.
Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 — ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли дарахтони зардолу шинонида шуд.
Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.
Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ карда шуд.
Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад.
Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Рӯзҳои охир боғдорон даҳ тонна анорро ҷамъоварӣ ва дар сардхона захира кардаанд. 20 тонна ангури навъи “тоифӣ” низ захира шуда, ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар масоҳати 0,35 гектар се кӯли навро ба истифода доданд. Дар он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шуд.
Табиати Тоҷикистон барои кишти дилхоҳ зироат ва парвариши ҳайвоноту паррандаҳои гуногун дар ҳама фаслҳои сол мувофиқ аст.
Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.
Моҳипарварӣ низ дар кишвар яке аз соҳаҳои манфиатовар ва камхарҷ ба шумор рафта, моҳипарварон аз ҳисоби даромади он сатҳи зиндагии худ ва шароити хоҷагиҳоро беҳтар менамоянд.
Баъди сар додани моҳиҳо ва шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






