Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хиросимаи Япония
ДУШАНБЕ, 03.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония вориди шаҳри Хиросима шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Япония идома меёбад.
Дар шаҳри Хиросима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.
Хиросима яке аз шаҳрҳои муосири Япония ба шумор рафта, дар ҷазираи Хонсю ҷойгир аст. 6 августи соли 1945 дар рӯзҳои анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъди партофтани бомбаи атомӣ шаҳр пурра хароб гардид. Барои гиромидошти қурбониёни ин шаҳр ва ба хотири фоҷеаи пурдаҳшат дар ин ҷо “Боғи ёдбуди сулҳ” бунёд гардид. Дар як гушаи боғ харобаҳои “Гумбази Гэмбаку”, ки дар вақти таркиш як қисми он боқӣ мондааст, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Атрофи муҷассама макони сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.
Соли 1996 “Гумбази Гэмбаку” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.
Дар ҳудуди “Боғи ёдбуди сулҳ” ҳамчунин осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима мавҷуд аст, ки дар он муҷассамаҳо ва бисёр дигар нигораҳо барои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷеаи соли 1945 ҷамъоварӣ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Хиросима Казуми Матсуӣ ва Директори Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима Кенҷи Шига ҳамроҳӣ карданд.
Ин боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз “Боғи ёдбуди сулҳ” нишонаи олии башардӯстӣ ва гиромидошти қурбониёни истифодаи силоҳи қатли ом мебошад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






