«ЧАШМ БА РОҲАТ, ДИЛ БА ЁДАТ…». Духтари Аҳмад Зоҳир хостааст дар бораи падараш филм бардорад, филме, ки мантиқан садои эътироз муқобили таассуб ва хурофот хоҳад буд

Октябрь 6, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 06.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре Радиои «Озодӣ» чанд рӯз пеш иттилоъ дод, Шабнам Зоҳир, духтари овозхони маъруфи Афғонистон гуфтааст ният дорад дар бораи падараш як филми мустанад ба навор бигирад. Ва низ гуфтааст, ки сабти ин филм ба уҳдаи коргардони машҳури амрикоӣ Сем Френч хоҳад буд. «Ӯ замоне дар Афғонистон кор кардааст ва филми ӯ «Бузкаши Бой» ба ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуда буд», — изҳор доштаст Шабнам…

Бале, ин ҳамон Шабнам аст, ки 39 сол қабл, дар рӯзи таваллуд ва рӯзи марги падараш – 14-уми июн —  ба дунё омада буд…

Ҳамон Шабнам аст, ки  ҳатто боре ҳам дар зиндагӣ рӯи гарми  падари бузургворашро надидааст ва тавре худаш гуфтааст, то панҷсолагӣ фикр мекардааст, ки падараш зигнда аст, зеро марги падарро аз ӯ пинҳон доштаанд…

Ҳамон Шабнаме, ки соли 1980, вақте ҳамагӣ  яксола буд,  бо модараш Афғонистонро тарк кард ва дигар ҳатто боре ҳам ба зодгоҳи худ ва ватани волидонаш барнагаштааст, вале орзу доштааст имкони рафтан ба он сарзамини барояш муқаддасро пайдо кунад, ба зиёрати оромгоҳи падараш биравад, рӯи мадфани гулпӯши ӯ гулҳои тару тоза бигузорад, ба номаш дар Кобул мактабе бунёд намояд…

Ҳамон Шабнаме, ки ният дорад фурсатеро, ки падараш мехост аз Тоҷикистон дидан кунад, вале, маатаассуф,  ба он фурсат  нарасид, ба даст биёрад ва меҳмони Тоҷикистон бишавад, меҳмони кишваре, ки  дӯсташ медорад, зеро мардуми ин кишвари офтобӣ сурудаҳои падари ӯро дӯст медоранд…

Ҳамон Шабнаме, ки соли  1993, вақте 17-сола буд, дар як суҳбати видеоӣ бо рӯзноманигори шинохта Муҳиддин Олимпур аз Амрико тоқии тоҷикӣ ба сар карда, ба мардуми Тоҷикистон дуруд фиристонд ва гуфта буд: «Дӯстатон дорам»…

Бале, ин ҳамон Шабнам Зоҳир аст, духтари овозхони маъруф Аҳмад Зоҳир, ки феълан ҳамроҳи модараш Фақия, бародари ягонааш Ришод ва як аммааш, ки ба қавли хабаргузории «РИА Новости» дар Қасри Сафеди Вашингтон сартарош будааст, дар Вирҷинияи Амрико зиндагӣ ба сар мебарад.  Ва ҳоло Шабнам дар садади ба навор гирифтани филми мустанаде дар бораи падараш будааст.

«Модарам ба ман мегуфт, ки падарам дар Афғонистон аст ва ба хайр меояд. Вақте бо модарам шабона дар роҳ мерафтем, ман ба моҳтоб нигоҳ мекардам ва фикр мекардам , ки моҳтоб дар Афғонистон аст ва падари ман аст, ки ба ман нигоҳ мекунад» – иброз доштааст Шабнам Зоҳир дар суҳбат ба хабарнигори Радиои «Озодӣ». Ҳамин эҳсосот, ба гуфтаи Шабнам,  дар зеҳнаш эҳё шуд ва барои ҳамин тасмим гирифт, ки дар бораи падараш филме  бисозанд.

Буҷети филм 50 ҳазор доллар будааст ва Шабнам Зоҳир гуфтааст, ин пулро аз тариқи муроҷиат ба мухлисони овозхон дар Интернет ҷамъ оварданӣ ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки  теъдоди мухлисони овози беҳамтои Аҳмад Зоҳир дар Афғонистону Тоҷикистон, Эрону Ҳиндустон, Ӯзбекистону Озарбойҷон ва сойири кишварҳои олам, бешак,  аз  садҳо миллион нафар бештар аст. «Аз тариқи Kickstarter барои 50 ҳазор доллар муроҷиат кардем, то анҷоми маърака 9 рӯз мондааст ва ҳоло 32 ҳазор доллар ҷамъ овардем», — афзудааст Шабнам Зоҳир.

Шабнам Зоҳир мегӯяд, истеъдоди овозхонӣ надорад ва саъй ҳам накардааст, аммо ҳамаи таронаҳои падарашро дӯст медорад. Ба ин суол, ки кадом таронаи ӯро бештар дӯст медорад, чунин посух додааст: «Ин марбут ба вазъи он рӯз ва вазъи ҳоли ман аст, вобаста ба он аст, ки чӣ эҳсосе дорам дар он рӯз. Рӯзе ҳаст, ки мехоҳам  фақат овозашро шунавам. Ҳамин рӯз ки бо фарзандонам будам, эҳсос кардам, ки мехоҳам таронаи «Аз ту дурам»-ро бишнавам…».

Бале, ин шеър аз Абулҳасани Варзӣ аст ва чунин мисраҳо дорад:

Аз ту дурам, аз ту дурам…

Гарчи дар ҳасратам аз дурии барқи нигаҳат,

Зинда бо ёди туву гармии оғӯши туам…

Пас ин суруди Аҳмад Зоҳир низ ба духтараш таъсиргузор аст:

Чашм ба роҳат, дил ба ёдат гиря кардам,

Сари шаб то саҳар гиря кардам гиря кардам…

Ва боз Аҳмад Зоҳир сурудҳои зиёди дигар дорад, беш аз чаҳорсад суруд,  ки ҳамагӣ аз қалби ӯ барҷаста ва  дар қалби ҳаводорони бешумораш нишастаанд. Ва аксари сурудҳояш аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил, Турсунзода, Лоҳутӣ, Фуруғи Фаррухзод ва даҳҳо шоирони маъруфи дигар мебошад.

Масалан, ӯ таронае дорад бар ин шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?!

Ман чанд туро гуфтам кам хӯр ду-се паймона?!

Дар шаҳр яке касро ҳушёр намебинам,

Ҳар як батар аз дигар шӯридаву девона…

Ё бар ин шеъри Ҳофизи Шерозӣ:

Ҳошо, ки ман ба мавсими гул тарки май кунам,

Ман лофи ақл мезанам, ин кор кай кунам?..

Мутриб куҷост, то ҳама маҳсули зӯҳду илм,

Дар кори чангу барбату овози най кунам…

Аз қилуқоли мадраса ҳолӣ дилам гирифт,

Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам…

Бар ин шеъри Симини Беҳбаҳонӣ:

Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам,

Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?

Ай насими ҷонпарвар,  бигзар аз барам имшаб

В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам…

Ва ё ба ин шеърҳои марғуби Фурӯғи Фаррухзод:

Бодаҳо холист, холӣ, соғару мино куҷост,
Дари майхона-ст баста, соқии зебо куҷост?..

***

Ин шеърро барои ту мегӯям,

Дар як ғуруби ташнаи тобистон.

Дар нимаҳои ин раҳи шумоғоз,

Дар кӯҳнагӯри ин ғами бепоён…

Бо ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсоз,

Донам, ки ин ҷидол на осон аст.

Шаҳри ману ту тифлаки ширинам

Дерест, к-ошёнаи шайтон аст…

Ин шеърро барои ту мегӯям,

Дар як ғуруби ташнаи тобистон…

Ин шеърро Фурӯғи Фаррухзод ба писараш Комёри Шопур бахшидааст, ягона писараш, ки моҳи июли соли 2018 бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Тавре ба мо маълум аст,  Шопур  вақте ҳамагӣ се сол дошт, падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд. Падараш Парвиз Шопур иҷоза намедод, ки Комёр бо модараш дидор кунад.  Модари ӯро барои шеърҳои ошкор ва «бепардааш»  муллоҳо ва охундҳои ифротӣ бадном сохта буданд.

Фурӯғ ва Парвиз бо писарашон Комёр

Он доғи нангхӯрда, ки механдид

Ба таънаҳои беҳуда, ман будам.

Гуфтам, ки бонги ҳастии худ бошам,

Аммо дареғу дард, ки “зан” будам.

Фурӯғи Фаррухзод аз номвартарин ва барҷастатарин шоирони Эрон аст, ки ҳамагӣ 32 сол умр дида, дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расидааст. Вале дар умри кутоҳи худ тавонистааст чанд китоби шеър ба табъ расонад, шеъри форсиро ба пояҳои нав бардорад, писаре ба дунё орад, корҳои намоёне  дар филмсозӣ ба ҷо биоварад ва шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намояд.

Айнан Мисли Аҳмад Зоҳир.

Комёр бо модаркалон ва падараш мезист ва хабари марги модарашро вақте дар мактаб мехонд, аз як ҳамсинфаш шунидааст. Баъди хатми мактаб ба Лондон рафтаву дар риштаи рассомӣ таҳсил намудааст ва баъдан ба Теҳрон баргаштааст. Во то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ гаштаву баргашта  он «охирин таронаи лолоӣ»-и модари ҷавонмаргашро замзама мекардааст:

Ин охирин таронаи лолоист,

Дар пои гоҳвораи хоби ту.

Бошад, ки бонги ваҳшии ин фарёд

Печида дар осмони шубоби ту.

Бигзор сояи ман саргардон

Аз сояи ту дуру ҷудо бошад.

Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад,

Кас байни мо, на ғайри Худо бошад.

Комёр, писари Фурӯғи Фаррухзод, пеш аз маргаш. Соли 2018

Бубинед, Фурӯғ низ, мисли Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки бо эҷодиёти сермаҳсул ва камназираш ҷаҳониёро ба ҳайрат овардааст, намехост байни ӯву Худо касе бошад мисли шайху  муллоҳо ва  охундҳои камсавод, ки барояш ҳар кадом аз рӯи ақлу фаҳмиши худ ба ҳар ранг вазъ хонанд ва ақидаи худро таҳмил намоянд. Имону ибодат ва намозу  муноҷот бо Худо бояд самимона ва аз ин лиҳоз маҳрамона бошад. Зеро, ба қавли Ҳофизи «лисонулғайб»:

Воизон к-ин ҷумла дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд…

Эҷодиёти Мавлоно суруди озодии ботинии инсон аст,  ки салтанати   заминро бар коинот, ишқро бар имон, ҳаётро ба марг, дӯстиро ба душманӣ,  оштиро ба ҷанг тараннум месозад. Шубҳае нест, ки   ғазалҳои дилошӯби     Мавлоно бештар дар маҷлисҳои рақсу саноъ, кафзанию пойкӯбӣ дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубоб, дар сӯҳбати муносиби дӯстони мувофиқ суруда шуданд. Аз ин ҷост, ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ,  суруд ва тараби хушию хушҳолӣ ба гӯши ҳуш мерасад.  Мавзӯи асосии асарҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонҳо ба Офарнидгор, ба ҳамдигар, ба наздикону пайвандон, ба хоку оби ҳавои Ватан аст.  Ишқи Мавлоно Балхӣ асоси моддӣ дорад ва аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирад.

Ва маҳз барои ҳамин он «воизон», он аҳли ифрот ва таассуб  Мавлоно, Фурӯғ ва Аҳмад Зоҳирро  чашми дидан надоштанд ва  ба сарашон борони  таънаю маломат мерехтанд, зеро акфкору ақоиди ин ҳарсе мавқеъ ва  нуфузи ононро, ки  мехостанд бо сӯиистифода аз номи Худо ба даст биёранд, ба замин мезад. Бинобар ин онҳо, афроди мутааннит ва мутаассиб  Фурӯғи Фаррухзод ва Аҳмад Зоҳирро дар айни камолот ва айёми ҷавонӣ тавассути садамаи автомобилӣ ба марг расониданд.

Ва имрӯз дар шабакаҳи иҷтимоӣ боз ҳамон афроди ҷоҳил, ифротгароёни ба ном «исломӣ», ононе, ки аз ҳақиқат, аз равшанӣ, аз адолат меҳаросанд, сӯи арвоҳи Ҷаллолиддини Балхӣ,  сӯи он Хуршеди тобноки маънӣ ва мантиқ санги таънаю  маломат ҳаво медиҳанд ва ба бузургии ин Марди Худо шак меоранд…

Аҳмад Зоҳир ашъори Мавлоно Балхӣ ва Фаррухзодро дӯст медошт ва ба оҳанг дароварда, месуруд. Тавре гуфтаанд:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд!

Моҳи сентябри соли 2007 мо дар баробари иди муқаддаси худ – Рӯзи истиқлолтияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 800-солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро, к ибо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта шуд, таҷлил намудем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлдиси тантанавӣ ба ин муносибат, ки дар Душанбе баргузор гардид, чунин таъкид намуанд:

«Ҳарчанд ин ду санаи таърихӣ аз лиҳози фосилаи замонӣ аз ҳам дуранд, вале аз нигоҳи мазмун ва моҳияти миллӣ ҳамоҳангиву қаробати мантиқӣ доранд, зеро онҳо ифодагари истиқлолу озодандешӣ, ваҳдату худшиносӣ ва асолату ҳувияти миллии тоҷикон мебошанд».

Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд:

«Каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти 800 сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст».

Воқеан ҳам, Мавлоно, ки зодаи Бохтар (ҳудуди  Вахши имрӯзаи Тоҷикистон) аст,  аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони олам дар ҳама давру замонҳо шинохта шудааст ва «Маснавии Маънавӣ»-и ӯ дар қатори серхонандатарин китобҳо дар  адабиёти ҷаҳон ном бурда мешавад.

Бино ба гузориши  «Тhe Gardian», соли гузашта  нависанда ва драмнавис  Дэвид Франзони, ки бо сенарияҳои худ дар филмҳои   «Гладиатор» и «Шоҳ  Артур» машҳур аст,  ҳамроҳ бо Стивен Ҷоэл Браун  оромгоҳи шоир ва мутафаккири номдори асри 13-ро дар шаҳри Кунияи Туркия зиёрат намуда, хабар дода буд, ки дар садади рӯи даст гирифтани лоиҳаи бузургест. Аниқтараш мехоҳад дар бораи Ҷалолиддини Балхити Румӣ, ки дар Амрико маҳбубияти зиёд дорад,  филм  ба навор бигирад.   Ва ҳунарманди маъруф Леонардо ди Каприо барои иҷрои нақши Мавлоно розигӣ додааст ва мехоҳад дар нақши файласуф Шамси Табрезӣ Роберт Даунро даъват намояд.

Дар бораи Фурӯғи Фаррухзод ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш бо қарори ЮНЕСКО  филм бардошта буданд.

Фикр мекунам, дар бораи Аҳмад Зоҳир низ филм бардоштан ва достони зиндагии кутоҳ, вале зебову  дурахшони  ӯро офаридан ва ба дӯстдорони суруду оҳангҳои марғуб ва  каломи шевои тоҷикии форсӣ тақдим намудан тақозои замон ва ормони қалби на танҳо духтараш , балки миллионҳо нафар ҳаводорони  ин сарояндаи мумтоз аст.

Ва мехоҳам ин сатрҳоро боз бо як сухани Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поён бибарам. Ҷаноби Олӣ чанд сол пеш дар як ҷаласа ба роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радио бо чунин маънӣ пешниҳод карда буданд: «Саҳаргоҳон, вақте мардум нав аз хоб мехезанд ва ҳанӯз ҷисму ҷонашон карахт аст, барояшон суруду оҳангҳое пешкаш намоед, ки,  мисли таронаҳои он Булбули Шарқ,  хуфтагонро бедор созанд, ба танашон гармию нерӯ ва ба  дилҳояшон муҳаббат ва  шавқи зиндагӣ бубахшанд…».

Сухан дар бораи Аҳмад Зоҳир мерафт…

                                                                        Саидалӣ СИДДИҚ

Октябрь 6, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ мулоқот доир гардид
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Давоми чор рӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва сел пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
«РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ». Таҳти чунин унвон Форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ омӯзиш баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои устувор гардонидани оилаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Суғд чорабиниҳо доир мешаванд
БЕШ АЗ 8 ҲАЗОР КОСИБ ҲУНАРҲОИ МИЛЛИРО ЭҲЁ МЕНАМОЯНД. Дар ҳошияи Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ҳамоиш доир шуд