«ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…»- таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид

Октябрь 2, 2018 14:06

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бахшида ба  Рӯзи куҳансолон дар  Муассисаи давлатии «Театри тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов»-и  пойтахт барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ   таҳти унвони  «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…» баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳамоиши мазкурро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуд. М.Муинӣ аз ҷумла, зикр намуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  насли калонсол  пайваста   таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир  менамоянд.

«Ҳадаф аз баргузории барномаи мазкур, қабл аз ҳама, арҷ гузоштан ба  анъанаҳои неки фарҳанги миллӣ, эҳтироми хосса ба калонсолону пиронсолон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандорӣ мебошад», -афзуд М.Муинӣ.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати беҳдошти зиндагии ашхоси куҳансол барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, ҳамасола дар  ин самт  чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.

Барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Дар барнома бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрӣ таҳти унвони «Ватандор»  пешниҳод гардид.

Ҷамъомад бо тақдими дастагули мусиқӣ иборат аз созу навои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе  анҷом ёфт.

Октябрь 2, 2018 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад