Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия китобу аксҳо ба намоиш гузошта шудаанд

Октябрь 10, 2018 10:06

ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории барномаҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия дар Китобхонаи давлатии Россия намоишгоҳи аксҳо дар мавзӯи «Тоҷикистони муосир» ва китобҳои нависандагони тоҷик, ки ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ чоп шудаанд, барои дӯстдорони китобу шавқмандони санъати аккосӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ифтитоҳи намоиш муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Директори иҷроияи Китобхонаи давлатии Россия Владимир Гнездилов иштирок намуда,  аз муносибатҳои неки анъанавӣ ва қаробати ногусастании фарҳангии мардумони ду кишвари дӯсту бародар сухан гуфтанд.

Фурсати муносибе, ки намоиши аксҳои «Тоҷикистони муосир» ба меҳмонон фароҳам овард, ҳамсони сайру саёҳати воқеӣ дар мавзеъҳои зебову камназири Тоҷикистон буда, инчунин имкони хуби шиносоӣ бо дастовардҳои замони Истиқлолият гардид.

Дар намоиши китобҳои ҷолиб дар толори хониши Китобхона намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик манзури хонандагон гардидаанд.

Октябрь 10, 2018 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид