Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи забон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарият ва кормандони муассисаву сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону коршиносони соҳаи забон, шоирону нависандагон, аз ҷумла, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоираи ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рудоба Мустаҷобова ва Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ Аскар Ҳаким, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маҷлиси тантанавиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони пойтахт расонид.
Дар Паёми табрикӣ, аз ҷумла, омадааст, ки «ин санаи пурифтихор самараи неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шуд ва ҳамасола 5 октябр дар саросари мамлакат дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасот ба таври васеъ таҷлил мегардад».
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир бо инобати таҳаввулоти ҷаҳон вазифаи муҳимтарини на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он барои густариши балоғат ва фасоҳати забон тамоми шароитро фароҳам месозад ва сохтори онро такмил дода, инкишофи бонизоми онро таъмин месозад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта шуд, ки забони ноби тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Имрӯз ҳифзу гиромидошти он эҳтиром ба гузашта, имрӯз ва фардои миллату давлати тоҷикон мебошад.
Иштирокдорони ҷамъомад доир ба ҷанбаҳои дигари забони давлатӣ ибрози андеша карданд.











35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст






