Дар Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсия омодагӣ мегиранд

Октябрь 20, 2018 09:40

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зарурӣ меандешад.  Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсия  дар пойтахт  тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,   тибқи  нақшаи тасдиқгардида  дар тамоми муассисаву ташкилотҳои   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе  ва зерсохторҳои он   доир ба аҳамияти таърихии  ин санади сарнавиштсоз дар рушди мамлакат   бо иштироки коршиносони  соҳа  мулоқоту суҳбатҳо   ва  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  баргузор  мегарданд. Дар ин рӯз ҳамчунин дар боғҳо ва дигар  маконҳои фарҳангию  истироҳатӣ  бо мақсади  дар рӯҳияи идона  ташкил намудани сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ    дар назар дошта шудааст.

Октябрь 20, 2018 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад