Дар Душанбе доир ба саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон конференсияи илмию назариявӣ доир мегардад

Октябрь 17, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 17.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар роҳи расидан ба шарикии стратегӣ»-таҳти чунин унвон 19 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ конференсияи илмию назариявӣ доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конференсия бо мақсади боз ҳам густариш ёфтани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ба ин восита таҳким бахшидан ба дӯстию бародарии ду миллат баргузор карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, конференсияи илмию назариявӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар кори он олимону коршиносони ҳарду давлат иштирок менамоянд.

 

Октябрь 17, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад