Дар Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор гардид

Октябрь 29, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 27-28 октябри соли равон дар Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шоми 27 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба ифтитоҳи Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» намоиш ва барномаи консертӣ баргузор гардид.

Қабл аз ифтитоҳи барномаи консертӣ меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либосу хӯрокҳои миллӣ, шаклҳои аз қоғаз сохташуда (оригамӣ), бозии миллии кендама дидан намуданд.

Дар намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока сухан гуфта, ҷонибҳо омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманди фарҳангии байни кишварҳои Тоҷикистону Япония изҳор доштанд.

Дар баробари суруду рақс бозии миллии кендама ва шаклсозӣ аз қоғаз – оригами манзури аҳли толор гардид.

Инчунин дар доираи Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» 27-28 октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд.

Октябрь 29, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид