Дар Душанбе Конференсияи 3-юми минтақавии шабакавӣ /CAREN/ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи 3-юми минтақавии «Шабакаи тадқиқотӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ /CAREN/: тақвияти камарбанди Авруосиёии дониш» ба кори худ оғоз намуд. Ҳадафи конференсия баррасии навгониҳои муосир дар соҳаи фановариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои пажӯҳиши илмӣ ва таълимоти олӣ, услубҳои роҳандозии хизматрасониҳои муосир дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар конференсия доираҳои ҷомеаи академикӣ, илмӣ, муҳаққиқону олимон, коршиносони соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок доранд.
Дар расми ифтитоҳи конференсияи байналмилалии CAREN президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан сухан карданд.
Зикр шуд, ки асри бисту якро асри пешрафти бесобиқаи илму техника ном мебаранд. Ҳар дақиқаву ҳар соат дар ин ё он гӯшаи олам бо мақсади боз ҳам боло бурдани сатҳи зиндагии инсонҳо олимон кашфиёти мухталиф анҷом медиҳанд. Дар шароити имрӯза, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ вобастагии мустақим дорад.
Имрӯз тамоми институтҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳо пурра бо хати интернет пайвастанд. Барои муаррифии олимон ва корҳои илмию тадқиқотии онҳо се сомонаи интернетӣ — http://www.ravshanfikr.tj/ , oindasoz/tj, http://www.anrt.tj/tj/. бо 3 забон бевосита барои шинохти илми тоҷик фаъолият мекунанд.
Олимону коршиносони дохилу хориҷи кишвар тӯли ду рӯз истифодаи пурсамари шабакаи интернетро барои рушди илм ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар Конференсияи 3-юми минтақавии шабакавии «Шабакаи тадқиқотӣ ва таълимии Осиёи Марказӣ олимону коршиносон ба 7 гурӯҳ тақсим шуда, зиёда аз 40 мавзӯи марбут ба истифодаи захираҳои интернетӣ барои рушди илм ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотиро мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Ҳамчунин иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ бо дастовардҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Конференсияи 1-уми минтақавии шабакавӣ 1-2 октябри соли 2014 дар шаҳри Алмато (Қазоқистон), Конференсияи 2-юми минтақавии шабакавӣ 25 – 26 апрели соли 2017 дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) доир гардида буданд.










«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд






