Дар Душанбе масъалаи ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ баррасӣ гардид

Октябрь 19, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе  Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷараён дорад. Дар доираи намоишгоҳи мазкур дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс мавзӯъҳои марбут ба соҳаи китоб, табъу нашр ва густариши он дар замони рушди технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла «Китоб ва интишори он дар замони истиқлол», «Бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ талаботи замон аст», «Ҷойгоҳи китоб дар фарҳанги маънавии ҷомеа», «Бартарияти китобҳои чопӣ аз китобҳои электронӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод намуданд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» на танҳо як маротиба дар як сол, балки бештар ташкил карда шавад. Инчунин иштирокчиён изҳор доштанд, ки макони баргузории намоишгоҳ бояд боғҳои фарҳангӣ –фароғатӣ бошад, то  Иди китоб оммавӣ гардад.

Зикр гардид, ки Ассотсиатсияи байналмилалии ноширон ташкил карда шуда, тарғиби китобҳои тозанашр тариқи барномаҳои телевизионӣ бештар гардад.

Дар конфронс масъалаҳои марбут ба норасоии китобҳои тозанашр дар шароити деҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас  манзур гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки конфронс аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ташкил гардида, дар он ноширону адибони ватанӣ ва хориҷӣ, ки иштирокчиёни Намоишгоҳ мебошанд, иштирок намуданд

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» то 20 октябри соли равон идома ёфта, дар доираи он барномаҳои мухталиф баргузор карда мешаванд.

 

Октябрь 19, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид