Дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи Рӯзҳои шаҳри Санкт- Петербург мулоқоти ҳайати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербург таҳти роҳбарии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Дмитрий Чернейко баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мулоқотро Маҳмадсаид Зувайдзода оғоз намуд. Нахуст иштирокдорони ҳамоиш бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни таркишро дар Коллеҷи техникии Керчи Ҷумҳурии Сочӣ, ки дирӯз рух дода буд ва бар асари он 21 нафар кушта гардид, пос доштанд.
М.Зувайдзода ташрифи ҳайати бонуфузи шаҳри Санкт-Петербургро ба пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки имсол аз баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол сипарӣ гардида, дар доираи ин ҳамкорӣ бародаршаҳрии Санкт-Петербург ва Душанбе мавқеи хосса дорад.
Санкт-Петербург яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбад.
«Бояд ёдовар шуд, ки аз 12 то 14 июли соли 2018 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Рӯзҳои шаҳри Душанбе баргузор шуданд. Ҳайати шаҳри Душанбе давоми ду рӯз дар ин шаҳр як зумра суҳбату мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳар ду ҷониб доир ба тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, тандурустӣ, хӯроки иҷтимоӣ, нақлиёту коммуникатсия, хизматрасониҳои коммуналӣ ва сохтмону меъморӣ мубодилаи афкор карданд. Бояд гуфт, ки масъалаи фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз масоили умдаи гуфтушунид буд», -афзуд М. Зувайдзода.
Сипас раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Д.Чернейко ба иштирокдорони ҳамоиш доир ба густариши ҳамкорӣ байни ду бародаршаҳр- Душанбе ва Санкт –Петербург маълумот дода, аз ҷумла, иброз дошт, ки байни ду шаҳр санаду созишномаҳои дуҷонибае амал мекунанд, ки дар заминаи онҳо шаҳрвандони кории тоҷик дар Санкт- Петербург фаъолияташонро бидуни ягон мушкилот ба роҳ мондаанд ва маъмурияти шаҳр баҳри амалисозии санадҳои мазкур тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд.
Д. Чернейко ҳамчунин зикр кард, ки барои таъмини ҳуқуқу манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмурияти шаҳри Санкт- Петербург ҳамкории самаранокро бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт- Петербург ба роҳ мондааст.
Дар мулоқот ҳамчунин мушовир — намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов доир ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни ду давлат-Россия ва Тоҷикистон изҳори назар карда, зикр кард, ки соли равон сафари Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон дар доираи баргузории ҷаласаи СҲШ дар Душанбе, ду дафъа ташрифи сарвазири ин давлат Д. Медведев ба ин ҷумҳурӣ, баргузории Рӯзҳои шаҳри Душанбе дар Санкт-Петербург ва Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе саҳифаи наверо дар густариши ин муносибатҳо боз намуд. Ш.Шамсудинов таъкид намуд, ки барои расидан ба чунин натиҷаҳои назаррас дар муносибатҳои дуҷониба нақши Президентҳои ду давлат-Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур директори Муассисаи автономии давлатии «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт-Петербург Алексей Чистяков иброз дошт, ки алҳол дар шаҳри Санкт-Петербург зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд. Номбурда таъкид намуд, ки Муассисаи автономии давлатии «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт-Петербург бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб ба роҳ мондааст, ки натиҷаҳои он барои ҳар ду ҷониб назаррас мебошанд.
«Барои боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкорӣ мо дар ҳамоише, ки имрӯз дар мавзӯи «Табодули таҷриба дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» баргузор мегардад, мубодилаи афкор хоҳем кард», — афзуд А.Чистяков .
Дар ҳамоиш Раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург «Аҷам» Мурод Усмонов доир ба буду бош ва фаъолияти тоҷикони ин шаҳр маълумоти муфассал дод. Номбурда ба маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Руслан Қодирзод ҳолати иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки бегоҳии ҳамин рӯз Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳунарнамоии санъаткорони маъруфи рус Юлия Сулаймонова ва Андрей Серов аз Театри Маринскийи шаҳри Санкт –Петербург идома меёбад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






