Дар Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд

Октябрь 5, 2018 08:12

ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ  таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шӯрои мазкур  бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015 «Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2018  «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020»  таъсис дода шуд.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр,  Низомнома ва ҳайати он  тасдиқ гардида,  масъулин   вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори  дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.

Октябрь 5, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад