Дар Душанбе симпозиуми байналмилалии илмии «Мавлоно-васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» оғоз ёфт

Октябрь 19, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи мутафаккири барҷаста Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мавлоно — васлгари халқҳо ва тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Дар он олимону муҳаққиқон ва донишмандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Эрону Афғонистон ва Германия иштирок доранд.

Тибқи барномаи таҳияшуда, дар симпозиум масъалаҳои «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Осиёи Марказӣ», «Мавлоно ва мавлавишиносӣ дар Туркия», «Нақш ва мақоми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар густариши фарҳанги мадоро дар ҷаҳон», «Масъалаҳои рӯзгор ва осоршиносии Мавлоно», «Андешаву афкори фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Мавлоно», «Маснавии маънавӣ ва нақши он дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон», «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Симпозиуми мазкур ду рӯз: 19–20 октябр идома ёфта, зимни он ташкили намоишгоҳи нусхаҳои қадимӣ ва хаттотӣ дар васфи ҳазрати Мавлоно дар назар аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Мавлоно ва осори оламшумули ӯ дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи  хоссае бархӯрдор буда, тоҷикон осори Мавлоноро бахше аз  мероси адабӣ ва миллии худ мешуморанд. Аз ин сабаб, соли 2007 дар Душанбе 800-солагии Мавлоно дар сатҳи баланд ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули адабиёти асримиёнагии  тоҷик сухан рафт. Ҳамон сол яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод дар водии Вахш ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид ва дар маркази он муҷассамаи Мавлоно гузошта  шуд.

 

Октябрь 19, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид