Дар Душанбе «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба муҳокимаи натиҷаҳои баҳогузории амалисозии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиш бо мақсади натиҷагирии ҷараёни татбиқи ин стратегия ташкил гардида, дар кори он роҳбарияти вазорат, намояндагони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои кишвар, намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.
Мавзӯи асосие, ки зимни баргузории ҷамъомад мавриди муҳокима қарор гирифт, ин таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буд.
Ҳамзамон иштирокчиён зимни ҷамъомад ҷараёни татбиқи ин Стратегия ва натиҷаҳои баҳогузории амалисозии онро муҳокима намуда, зарурат ва дурнамои таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.








Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?






