Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои «Bombardier CRJ – 200» муаррифӣ гардид

Октябрь 26, 2018 15:51

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шоми дирӯз ҳавопаймои нави худ- «Bombardier CRJ – 200»-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими ботантана муаррифӣ намуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин маросим ҳузур дошт, иттилоъ медиҳад, ки дар маросими муаррифии ҳавопаймои нав директори генералии ин ширкати миллии ҳавопаймоӣ Хайрулло Раҳимов дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони сохторҳои ҳавопаймоии кишвар  изҳор намуд, ки «Стратегияи дарозмуддати рушди ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ба таҷдид ва густариши бахши ҳавонавардии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудааст. Мавсуф афзуд, ки роҳбарияти ширкат саъй менамояд, ки бо мақсади рушди ҳавонавардии миллии мамлакат  ҳавопаймоҳои муосирро дастрас намояд, ки ҳам ба шароити минтақа,  ҷуғрофиёи парвозҳо  ва аз лиҳози тиҷоратӣ мусоидат намояд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тасмим дорад, ки дар маҷмӯъ чор адад ҳавопаймои тамғаи  «Bombardier CRJ-200»-ро  харидорӣ намояд,- афзуд Хайрулло Раҳимов. Интизор меравад, ки то  охири сол ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» боз як адад чунин ҳавопаймои «Bombardier CRJ-200»-ро  вориди кишвар созад. Ин раванд  ба татбиқи ҳадафҳои ширкат дар самти таҷдиду навсозии парки ҳавопаймоии ширкат  ва дар маҷмӯъ дар рушди ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нақши муассир мегузорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳавопаймои мусофирбари  «Bombardier CRJ-200»- ки барои  парвозҳо дар хатсайрҳои минтақавӣ пешбинӣ гардидааст, бори  нахуст соли 1991 бо намунаи «CRJ -100»  дар ширкати ҳавопаймосозии Канада «Canadair», алҳол «Bombardier» сохта шудааст. Сатҳи баланди сарфанокӣ, муҳаррикҳои пуриқтидор, курсиҳои бароҳати чармӣ барои мусофирон, толори  васею барҳаво аз афзалиятҳои ҳавопаймо  «Bombardier CRJ-200» маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки ҳавопаймои муосири  реактивии «Bombardier CRJ-200» дорои 50 ҷойи нишаст барои мусофирон ва ду ҷои нишаст барои сарнишинони ҳавопаймо буда, метавонад дар шароити душвор ва номусоиди боду ҳаво парвоз анҷом диҳад, ки ин афзалияти ҳавопаймо дар шароити иқлими минтақа, аз  ҷумла Тоҷикистон  аз аҳамияти калон бархӯрдор аст. Дар ин росто,   ҳавопаймои мусофирбари «Bombardier CRJ-200» яке аз ҳавопаймоҳои муосири экологӣ  ва тиҷоратӣ бо сатҳи садои паст  ва аз лиҳози анҷоми парвозҳои  кӯтоҳмуддат дар масирҳои  Душанбе ба  самти Бишкек ва ё  ба Деҳлӣ, Урумчӣ беҳтарин ҳавопаймои мусофирбар арзёбӣ мегардад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки соли 1930 таъсис дода шудааст,  фаъолияти худро ба ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷу борҳо, инчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ нигаронидааст.  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» самти стратегияи рушди худро ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозори ҳавонавардии мамлакат, қонеъ гаронидани талаботи мусофирон ва рақобат солим равона карда, фарох гардонидани  ҷуғрофиёи парвозҳо, таъмини амнияти мусофирон, хизматрасонии баланди боэътимоду бароҳат аз рисолати асосии  «Тоҷик Эйр» маҳсуб  меёбад. Алҳол дар ширкати миллии ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» 500 нафар мутахассисон фаъолият дошта, ҳавопаймоҳои  «Тоҷик Эйр» муназзам парвозҳоро аз Душанбе ба самти Деҳлӣ, Урумчӣ,  Теҳрон, Алмаато, Бишкек, Самарқанд Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск, инчунин дар хатсайрҳои дохилӣ, аз ҷумла ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ  анҷом медиҳад.

Муаррифии ҳавопаймои нави мусоифирбари «Bombardier CRJ-200» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»-ро барои   навсозии  техникӣ, аз ҷумла воридоти  ҳавопаймоҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуда буданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

Октябрь 26, 2018 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид