Дар ноҳияи Шаҳринав муассисаҳои таълимию ташкилоту идораҳо пурра бо ангишти кони Айнӣ таъмин гардиданд

Октябрь 27, 2018 11:57

ШАҲРИНАВ, 27.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди  хоҷагиҳои деҳқонии  ноҳияи Шаҳринав  шаш адад сардхона бо ғунҷоиши 540 тонна ва шаш адад анбор мавҷуд аст. Барои давраи зимистони солҳои 2018-2019  аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ дар онҳо то имрӯз  150 тонна ангур, 310 тонна гандум, 3,5 тонна ҷав, 210 тонна шолӣ  ва 6,6 тонна картошка захира гардидааст. Дар ин бора мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳияи Шаҳринав Ҷамолиддин  Ғиёсов ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Тибқи иттилои сардори ситоди зимистонгузаронии Раёсати молияи ноҳияи Шаҳринав Рузиқул Ҳикматов, ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони  солҳои 2018-2019  барои  69  адад муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои буҷетии ноҳия бо маблағи 289 ҳазору 227 сомонӣ  ангишти  хушсифати кони Айнӣ харидорӣ шуд,  ки сад фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, ки дар ноҳияи Шаҳринав  ҷойгир аст, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон бо 21 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 120 литр сӯзишвории дизелӣ, 1 адад генератори барқдиҳанда,  58 адад гармкунакҳои барқӣ ва 10 адад печкаҳои аловӣ таъмин аст.

Муовини директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим Холнисо Меликова иброз намуд, ки «бо сарпарастӣ ва дастгириҳои  бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯзҳо мо, омӯзгорон 205 нафар кӯдакони ятим ва бепарасторро ба таълиму тарбия фаро гирифтаем.  Онҳо бо се вақт хӯроки гарм ва либосҳои зимистона таъмин мебошанд. Кӯдакони ятими ин даргоҳ  ба таври ҳамешагӣ зери назорати  давлату ҳукумат қарор дошта, барои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо ва  хобгоҳҳои  хонандагон бо ангишту ҳезум ва дигар  таҷҳизоти  гармидиҳандаи барқӣ таъмин мебошад. Инчунин 2 тонна орд, 140 литр равған, 200 кг шакар, 2 тонна картошка, 3 тонна пиёз, 500 кг сабзӣ ва 200 кг биринҷ захира  намудаем.  Бо боварӣ гуфта метавонам, ки  кӯдакону наврасони ятими ин даргоҳ дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд».

Октябрь 27, 2018 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад