Дар Парлумони Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли равон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар муҳокимаи парлумонӣ, ки имрӯз тахти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абуҷаббор Азизӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату идораҳои марбута доир гарид, баррасӣ шуд
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвияти корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд. Дар ин раванд бояд ба усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва самаранокии он татбиқ карда шавад».
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегияи рушди миллӣ, таъмини рушди босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, таъмини устувории бозори молиявӣ барои нигоҳ доштани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин дар сатҳи муайян амалӣ гардонидани Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ мебошад.
Доир ба масъалаи зикршуда роҳбарону намояндагони идораҳои дахлдор гузориш доданд. Инчунин атрофи иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли равон байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат музокираҳои судманд сурат гирифтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






