Дар Парлумони Тоҷикистон ҷараёни иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ дар самти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2018/АМИТ «Ховар»/. «Ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нарху наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» дар муҳокимаи парлумоние, ки имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир гардид, баррасӣ шуд.
Доир ба ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Ҳоким Холиқзода сухан карда, гуфт ки баррасии масъалаи мазкур дар муҳокимаи парлумонӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, равона шудааст.
Зикр шуд, ки дар ин замина дар мамлакат Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи чор мақомоти давлатӣ — Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъкид гардид, ки мақомоти бехатарии озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи тухмӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амалӣ намуда истодааст.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади бехатарии маҳсулоти чорво ва эмин нигоҳ доштани он ба 8 номгӯй касалиҳои сироятшаванда, аз ҷумла вабои сумдарди чорво, сӯхтанӣ, бруселлёз, сил, тоуни чорвои майдаи шохдор, гули гӯсфандон ва буз, ҳорӣ ва тоуни паранда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 11,5 млн сомонӣ равона гардида, соли 2018 бо ин мақсад 2,5 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 23 маркази ташхиси байторӣ ҳамчун мақоми назоратӣ фаъолият менамоянд, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба безараргардонии маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ тайи солҳои 2013-2017 беш аз 19 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Инчунин барои пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории зараровар дар сарҳади давлатӣ 25 нуқтаи назоратӣ ташкил карда шуда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 6,6 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон доир ба ин масъала роҳбарону намояндагони мақомоти марбутаи мамлакат гузориш доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






