Дар шаҳри Деҳлӣ Фестивали ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои ҳунармандони маъюб баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Фестивали ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои шахсони дорои имконияти маҳдуд баргузор мегардад.
Тавре аз Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии фестивали мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳаёт ва ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим, баланд бардоштани неруи онҳо, таъмини иштироки ин қишри ҷомеа дар ҳаёти фаъол тавассути барномаҳои фарҳангӣ ва илмӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар фестивал ҳунармандони дорои имконияти маҳдуди зиёда аз 100 давлати ҷаҳон ҷамъ меоянд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фестивали фарҳангӣ ҳунарманди Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Раҳимова ва мутахассиси рақсҳои рӯи аробачаи маъюбӣ Шоҳзода Султонбоева ширкат меварзанд.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар кишварамон шароити будубоши шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






