Дар шаҳри Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд

Октябрь 22, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  зина ба зина оғоз ёфт. Алҳол 816 бинову иншооти ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ гармӣ гирифта истодаанд. Айни замон корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ дар дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имсол аз рӯи нақшаи техникӣ бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин гарданд. Инчунин барои кори пурсамари Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» соли равон зиёда аз 746 ҳазор тонна ангишт захира карда шудааст. Кашондану захира намудани ангишт идома дорад. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» бо шарофати гарм шудани муносибатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  имсол фаъолияташро бо истифода аз  газ ба роҳ мондааст.

Дар баробари ин, неругоҳҳои барқу гармии пойтахт ҳар шабонарӯз зиёда аз 8,5 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамоянд. Баъди пурра истифода бурдани марказҳои барқу гармидиҳӣ  миқдори истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ низ меафзояд

«Дар баробари ин, дар системаи энергетикӣ охирин корҳои таъмирию профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд. Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки  дар баъзе  минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ гардад. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар  бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад»,-илова кард манбаъ.

Октябрь 22, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид