Дар шаҳри Норак оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ ҷамъомад доир гардид
НОРАК, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода, ки ҳамзамон муовини раиси Комиссияи давлатӣ ба ҳисоб меравад, ҷаласаи аввалини Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор гардид.
Соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сатҳи давлатӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир мегардад. Дар робита ба ин аз 10 то 24 октябр маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мешавад. Барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар маҳаллаҳои 64 ва 91-и шаҳри Душанбе ва маҳаллаҳои шаҳри Нораки вилояти Хатлон баргузор карда мешавад.
Дар робита ба ин маъракаи муҳим дирӯз дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба баргузории барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018 бо иштироки муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода, сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Агентии омор Ворис Муродов ва сокинону фаъолони шаҳр ҷамъомад доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Муҳаббат Сафарова иттилоъ дод.
Масъулин зимни ҷамъомад таъкид намуданд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» ва бо мақсади мушоҳидаи пурраи давлатии омор роҷеъ ба шумора ва ҳайати аҳолӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти маълумот дар санаи муайяншуда барӯйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол гузаронида мешавад.
Зикр шуд, ки мақсади асосии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ- ин дастрас намудани маълумоти мушаххас дар бораи аҳолӣ мебошад, ки он барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумораю ҳайати аҳолӣ, омўзиш, ҷойгиршавӣ, захираҳои меҳнатӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ истифода бурда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ба таври анъанавӣ, яъне назарсанҷиии «рӯ ба рӯ» баргузор мешавад. Дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир ва беш аз 35 ҳазор нафар барӯйхатгирандагон истифода хоҳанд шуд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1.3 миллион хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ба ҳар нафар барӯйхатгиранда 400 хоҷагӣ рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бешаҳрвандӣ, ки дар замони баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ муваққатан дар Тоҷикистон ҳастанд, шаҳрвандоне, ки муваққатан ҷумҳуриро тарк кардаанд, иштирок менамоянд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






