Дар Суғд зиёда аз 1000 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданд
ХУҶАНД, 08.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи гусели нахустин гурӯҳи наваскарон идома дорад.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба гусели 1000 нафар наваскарон аз шаҳру навоҳии вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо иштироки масъулин ва волидону наздикони наваскарон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарор таманно намуда, зикр намуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб рафта, он барои насли наврас муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад.
Имрӯзҳо шароити буду боши хизматии аскарон дар қисмҳои низомӣ пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё карда шудааст.
Тавре баён гардид, маҳз фаъолияти хубу корбарии муташаккилонаи фаъолон ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳристон, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ буд, ки наваскарон дар рӯзҳои аввалини маъракаи гусел ба хизмати Ватан пурра ҷалб шуданд.
Дар ҷамъомад инчунин бо ҳузури даъватшавандагон ва модарони онҳо анъанаи мардумии «нонгазон» сурат гирифта, барномаи ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида сохт.











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






